Previous Next

МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ҲИКМАТ»

Дар толори Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат» доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода иштирок намуданд.

Котиби ташкилоти ибтидоӣ Ҳамидиён И.И. маҷлисро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҷаласаи имрӯза дар асоси банди 14 нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ба ифтихори таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ доир мегардад. Дар маҷлис ҳамаи 17 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис аз 2 масъала иборат буд:

  1. Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»;
  2. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат»-и Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Оид ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис аъзои ҳизб, мутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Комиссия Назармамадова Нурия Илназаровна баромад намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро муфассал шарҳу тавзеҳ дод.

Дар музокираи масъалаи якум узв ҳизб, муовини раиси Комиссия, доктори илмҳои иқтисодӣ Шарифзода Мумин Машокир ва узви ҳизб, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Комиссия, доктори илмҳои педагогӣ Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ баромад намуданд. Оид ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.

Дар идомаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода масъалаи дуюми рӯзнома - интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат»-и Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ намуд.

Дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда мешавад. Собиқ раиси ташкилот Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ бинобар сабаби ба нафақа баромадан бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод карда шуданд. Зарур дониста шуд, ки раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат»-ро дар фазои ошкоро интихоб карда шавад.

Узви ҳизб, саркотиби илмии Комиссия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маъруфӣ Р.Н. таклиф намуд, ки раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Давлатзода Сайфиддин Хайриддин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат» интихоб карда шавад. Масъала ба овоз монда шуда, қарор якдилона қабул гардид.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат» зимни суханронии худ қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлол бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифодаи волотарин умеду ормонҳои мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуд. 

Мо дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, тадбирҳои муассирро амалӣ созем. Иброз карда шуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии Комиссия сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи амалии нишондодҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб талоши бештар хоҳанд кард.

Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи маҷлис пешниҳодгардида баррасӣ шуда, қарори дахлдор қабул гардид.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org