23 июли соли ҷорӣ соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қувватзода Сайдулло Зувайд, мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода М.М., муовини раиси Комиссия, Маъруфӣ Р.Н., саркотиби илмии Комиссия, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва намояндагони 17 васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Давлатзода С.Х., раиси Комиссия доир ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2025 суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва маориф таваҷҷуҳи хос дошта, аҳли зиё, олимону муҳаққиқон ва омӯзгоронро ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ҳисобида, таъкид намудаанд, ки “Олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд”.
Ҳамзамон, Раиси Комиссия ҷиҳати пешбарии соҳаи аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олии касбӣ андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки аз ибтидои фаъолият то имрӯз дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 99 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти 14-тои онҳо қатъ ва дар 7-тои дигар қабул ва баррасии диссертатсияҳо манъ карда шудааст.
Тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани шакл ва мазмуни диплому шаҳодатномаҳо, пурзӯр кардани низоми ҳимоявии онҳо ва ҷойгир кардани бахши маълумотӣ (рамзи QR) дар диплому шаҳодатномаҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №562» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки тибқи онҳо қарорҳои дахлдор (аз 1 майи соли 2025, №263 ва аз 1 майи соли 2025, №264) қабул карда шуданд. Намунаҳои нави тасдиқшудаи диплому шаҳодатномаҳо дар КВД “Шарқи озод” омода гардида, шуруъ аз моҳи июли соли ҷорӣ довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ аз рӯйи намунаи нав ҳуҷҷат мегиранд, гуфт зимни нишаст раиси Комиссия.
Сипас, аз ҷониби хабарнигорони васоити ахбори омма Ҳотами Ҳамид, Исматова Дилбар, Раҳмонова Ш., Далер Абдулло ва дигарон саволҳои мубрам пешниҳод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби сомонаи радиои Тоҷикистон ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ мустақим пахш гардид.