Такроран!!! Мақолаҳои худро дар маҷаллаҳои тақризшаванда нашр намоед!

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабони дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ мерасонад, ки бо мақсади иҷрои талаботи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа натиҷаҳои асосӣ ва муҳтавои илмии таҳқиқот бояд дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда чоп шуда бошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати илмии мақолаҳои тақризшаванда дар Комиссия таҳлили навбатии маҷаллаҳо сурат гирифт. Маҷаллаи “Гузоришҳои АМИТ” (шуъбаи илмҳои ҷамъиятшносӣ, ISSN: 0002-0000 – аз соли 2018 то соли 2021 ва аз соли 2021то 2023 бо ISSN: 2076-2569)  худро ҳамчун маҷаллаи илмии тақризшаванда миёни довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ эътироф намуда, мақолаҳои илмиро рӯи чоп баровардааст. Қайд намудан зарур аст, ки дар саҳифаи аввали маҷалла зикр шудааст, ки “маҷалла ба Феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА ҶТ ва ФР дохил аст” ки феълан, маҷаллаи мазкур дар Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил набуда, дар 6 шуморае, ки аз ҷониби коршиносон мавриди таҳлил қарор гирифит, 236 мақолаҳо аз 14 самти илмҳои мухталиф нашр гардидааст, ки маҷмуан 312 муаллиф ва ҳаммуаллифонро дар бар мегирад.

Бо чунин ҷурм маҷаллаҳои Паёмҳои Донишгоҳи омузгорӣ (бахши илмҳои фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ, ISSN: 2710-4672), (бахши илмҳои табиӣ, ISSN: 2707-9996) ва (бахши илмҳои педагогӣ ва психологӣ, ISSN: 2708-5759) то моҳи октябри  соли 2024 ба Феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид набуда, масъулини маҷаллаҳои зикршуда худсарона онҳоро ҳамчун маҷаллаи тақризшаванда миёни довталабони дараҷаҳо ва унвонҳои  илмӣ тарғиб намуда, мақолаҳоро нашр менамуданд.

Аз ин лиҳоз, аз ҷомеаи илмӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба мақолаҳое, ки дар маҷаллаҳои болозикр ба чоп расидаанд, ҳамчун мақолаҳои тақризшаванда ба ҳисоб нагиранд.

Илова бар ин, ба таваҷҷуҳи хоси довталабони дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ расонида мешавад, ки барои пешгирии нофаҳмиҳо ва гирифтани маълумоти зарурӣ аз сомонаи Комиссия (бахши “Маҷаллаҳои тақризшаванда”) истифода бурда, ба самти тақризшаванда будани маҷаллаҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Замима: ҷадвали мундариҷаи маҷаллаи “Гузоришҳои АМИТ”, шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org