Таҳти ҳамин унвон санаи 5-уми августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Комиссия Шарифзода М.М., мудирони шуъбаю бахшҳо, кормандони муассиса ва сармутахассиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин хониши идоравӣ баргузор гардид.
Шарифзода Муъмин Машокир суханро оғоз карда, қайд намуд, ки 8-уми июни соли 2007 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки аз 5 боб ва 16 модда иборат буд. Таҷрибаи татбиқи Қонуни миллӣ собит сохт, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ин санади меъёрии ҳуқуқӣ такмил дода шавад. Бинобар ин, тайи 16 соли амали қонуни мазкур чор маротиба (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010, 28 августи соли 2017 ва 25 июни соли 2021) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Вале дар ин муддат қонуншиканиҳо аз ҷониби баъзе аз сокинони мамлакат ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасид. Бо ин мақсад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 баён доштанд, ки “…Бинобар ин, мувофиқи мақсад меҳисобам, ки бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад”.
Баъдан, Аминов Бурҳониддин вобаста ба мавзуи болозикр ва дар таҳрири нав қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан ронда, таъкид карданд, ки дар баробари пешрафтҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва густариш ёфтани вазъи ҷомеаи имрӯза, зарурати ба танзим даровардани паҳлуҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бо тағйиру иловаҳои қонунҳо ва ё қабули қонуну санадҳои нави соҳавӣ ҷиҳати пешбурди ҳаёти ҷомеа ба миён меояд. Бинобар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 20-уми июни соли 2024 таҳти №2048 дар таҳрири нав қабул гардид, ки аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад.
Нақши Қонуни мазкур дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум беназир буда, қабули он дар рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошт, расму оинҳои азбайнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ намудани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.
Агар ҳар як сокини кишвар масъулиятро дарк намуда, бо риояи талаботи Қонуни мазкур маъракаву ҷашнворҳои хешро камхарҷ гузаронанд ва аз маъракаҳои серхарҷу пурдабдаба худдорӣ карда, маблағҳои сарфашударо пасандоз намуда, баҳри беҳтарсозии фазои зиндагии хонаводаҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароит барои таҳсилу забономӯзӣ, шарафманд шудан ба дастовардҳои илмию варзишӣ, таҳсил намудан, сарф намоянд, вазъи зиндагӣ беҳтар мегардад, гуфт Аминов Бурҳониддин.
Ҳамзамон, Аминов Бурҳониддин оиди Қонуни болозикр ва қонунвайронкунӣ дар ин самт, инчунин ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан баҳри риоя нагардидани қонунро бо мисолҳо мушаххас пешкаши ҳозирин гардонид.
Дар фароварди хониши идоравӣ кормандон фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои хеш ҷавоби амиқ гирифтанд.