Previous Next

Семинар машварат дар мавзуи “Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ”

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Комиссия семинар машварат дар мавзуи “Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ” баргузор гардид.

Дар чорабиниии мазкур корманди Агентии инноватсия ва технологияхои ракамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вазиров Бахтовар вобаста ба мавзуи мазкур ба таври ҳаматарафа, возеҳу равшан баромад намуда, мазмуну мундариҷаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, №355 “Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба самъи кормандони Комиссия расонид.

Аз ҷумла, қайд карданд, ки гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ на танҳо як тамоюли муосир, балки зарурати муносибгардонии фаъолият, баланд бардоштани шаффофият, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва кам кардани хароҷот мебошад. Инчунин, ин гузариш барои беҳтар кардани идоракунӣ ва рушди иқтисодӣ имкониятҳои нав фароҳам меоварад.

Дар охир миёни кормандони Комиссия ва намояндаи Агентӣ саволу ҷавоб ва андешарониҳо оид ба муҳиммият ва аҳаммияти гузаштани коргузорӣ ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ  доир гардид.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org