Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм тамоми имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Дар замони имрӯз, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад, дилхоҳ давлат танҳо бо такя намудан ба илму маориф, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли ҷавон ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисоси ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ метавонад ба пешравиҳои назаррас ноил гардад.
Бо ин мақсад, таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири дастгирии олимони ҷавон ва рушди зеҳнии ҷомеа, ҳамзамон, баҳри рушди илму техника, ба танзим даровардан ва назорати низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, таъмини сатҳи баланди таҳқиқотҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимони Ватанӣ 12 августи соли 2014, №255 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфт.
Аз таъсиси ин низод ёздаҳ сол сипарӣ мешавад, ки ин басо рамзӣ ва рӯйдоди муҳимму фараҳбахш ва фаромӯшнашаванда аст, зеро таъсиси Комиссия дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ Истиқлоли давлатӣ рост меояд.
Олимону пажӯҳишгарони тоҷик баъди таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионӣ имкон пайдо карданд, ки рисолаҳои илмии худро бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ омода ва дифоъ намоянд.
Дарвоқеъ, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ҷиддӣ дар роҳи таъмини Истиқлолияти илмии кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти босамари он имкон фароҳам меорад, ки халқи тоҷик дар самти тарбияи кадрҳои илмӣ ба дастовардҳои назаррас дар давраҳои минбаъда ноил гарданд.
Иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат дар самти илму маориф бори дигар собит месозад, ки дар масири давлатсозӣ ва ба истиқлоли комил расидани кишвар, илму маориф нақши ҳалкунанда дорад. Ҳамчунин, исбот гардид, ки забони тоҷикӣ забони илм аст. Олимону зиёиёни вазифадоранд, ки ин ташаббусро ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намуда, дар заминаи он Истиқлолияти сиёсӣ, илмӣ ва давлатии моро таҳким бахшанд.
Қайд менамоем, ки дар назди Комиссия 14 шурои экпертӣ, фаъолияти густурда дошта, бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти шуроҳои экспертӣ ба ҳайати шуроҳои экспертии самти илмҳои тиб, тандурустӣ ва фарматсевтӣ; химия, технологияи химиявӣ ва металлургия; заминшиносӣ; фалсафа, сотсиология ва сиёсатшиносӣ; забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, рӯзноманигорӣ, тарҷумонӣ; иқтисодиёт ва соҳибкорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, ба ҳайати онҳо олимону коршиносони варзида ва шинохтаи кишвар ҷалб гардиданд.
Муассиса дар доираи имкон то ба имрӯз корҳои муайянро дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ба роҳ монда, айни замон аз рӯйи 222 ихтисоси анъанавӣ ва 222 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм ва докторони илм баррасӣ карда мешаванд.
Комиссия аз ибтидои фаъолият то имрӯз дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 99 шурои диссертатсиониро таъсис додааст.
Зикр менамоем, ки имрӯз бо дарназардошти 535 ихтисоси илмии Таснифоти самт ва ихтисосҳои доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 564 ихтисоси илмии Феҳристи ихтисосҳои кормандони илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар маҷмуъ 1099 ихтисоси илмӣ) барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи тақрибан 377 (66,8%) ихтисос ва барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос аз рӯйи тақрибан 350 ихтисос бо назардошти ҳимояҳои якдафъаина кормандони илмӣ омода карда шудаанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта бо боварӣ метавон гуфт, ки Комиссия дар масири фаъолияти хеш, баҳри рушди илми кишвар, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ содиқона хидмат намуда дар ояндаи наздик ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар ноил мегардад.
Ёдрас менамоем, ки ҳоло дар кишварамон беш аз 6 ҳазор нафар дараҷадорони илм дар соҳаҳои гунонун фаъолият намуда истодаанд, ки дар рушди илму тарбияи кадрҳои илмӣ садоқатмандона меҳнат мекунанд.
Дар маҷмуъ, бояд зикр намуд, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодиёти ба дониш асосёфта, илм ва маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии давлат мегардад. Тараққиёти ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имконияти нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.