Дар доираи таҷлили санаи таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандон аз мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор боздид намуданд. Ҳадаф аз ин боздид шиносоӣ бо мероси фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик буд.
Кормандони Комиссия сараввал аз осорхонаи таърихии шаҳри Ҳисор, қалъаи Ҳисор дидан намуданд.
Роҳбалади қалъа зикр намуд, ки Ҳисор аз шаҳрҳои қадимии мардуми тоҷик буда, дорои ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихиву табиии зиёде мебошад. Ҳисор ҳамчун шаҳри қадимӣ, ки дар гузашта маркази бекигарӣ маҳсуб меёфт, аз қалъаву мадраса ва дигар ёдгориҳои таърихӣ то мавзеъҳои табииву барои мардум муқаддаси зиёдеро дар ҳудуди имрӯзаи худ маҳфуз медорад. Ҳар кадоми ёдгориҳои шаҳри Ҳисор таърихи куҳан дошта, бо урфу одат тамаддун, зисту зиндагонӣ ва марҳилаҳои таърихии ҳаёти мардуми он ҳамбастагии қавӣ доранд.
Ин мавзеи таърихӣ “Мадрасаи куҳна” ё “Мадрасаи писаронаи қалъа” аз ёдгориҳои таърихии меъморӣ ба шумор рафта, дар асри XVI таъсис ёфтааст. Ин мадраса бо номи “Мадрасаи куҳна” маъмул буда, баъди таъмиру тармим ва таъсис додани осорхона ба он номи пешинаашро “Мадрасаи писарона” нисбат доданд. Зеро ғайр аз ин мадраса дар шафати қалъаи Ҳисор “Мадрасаи духтарона” низ амал мекард, аз ин хотир “Мадрасаи куҳна”-ро бисёр вақт “Мадрасаи писарона” мегуфтанд. Бо мақсади пурра аз байн нарафтани ин мавзеъ мадраса ба осорхона табдил дода шудааст.
Дар маҷмуъ мавзеъҳои таърихиву табиӣ ва муқаддас дар шаҳри Ҳисор хеле зиёданд, ки омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи онҳо вазифаи коршиносону донишмандон мебошад. Ҳар як аз ин ёдгориҳо гувоҳномаи таъриху тамаддуни миллати тоҷик буда, метавонанд муаррифгари фарҳанги миллат дар арсаи байналмилалӣ бошанд.
Ҳамзамон зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки ки қалъа аз се қисм иборат буда, қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ-уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст. Дарвозаҳои он дар асри XVI сохта шуда, имрӯз пурра таҷдид карда шудаанд. Дар охири боздид ҳайати кормандони Комиссия изҳори қаноатмандӣ карда, қайд намуданд, ки ин боздид барои онҳо хеле муфид буд ва дар фаъолияти таблиғотӣ кӯмак мекунад. Онҳо таъкид карданд, ки ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд аст.
Ёдовар мешавем, ки қалъаи Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини тоҷикнишин ба ҳисоб рафта, аз миллати фарҳангофару шаҳрнишин ва фарҳанги волову устокории бемисли миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.