Конфренсияи илмӣ дар мавзуи “Саҳми Комиссияи олии аттестатсионӣ дар таҳкими илми ватанӣ”

Санаи 12 -уми августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки Шарифзода М.М., Қувватзода С.З., аъзои раёсат, саркотиби илмӣ, мудирони шуъбаю бахшҳо, кормандони муассиса,  бахшида ба 11 – солагии  Комиссия  конфренсияи илмӣ дар мавзуи “Саҳми Комиссияи олии аттестатсионӣ дар таҳкими илми ватанӣ” баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир  оғоз намуда, қайд намуд: “Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодиёти ба дониш асосёфта, соҳаи илм ва маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии ҳар давлату миллат маҳсуб меёбад, ба дарназардошти ин таҳти сиёсати  хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири дастгирии олимони  ҷавон ва рушди зеҳнии ҷомеа, ҳамзамон, баҳри рушди илму техника, ба танзим даровардан ва назорати низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, таъмини сатҳи баланди таҳқиқотҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимони ватанӣ 12 августи соли 2014, №255 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфт. Комиссия аз ибтидои фаъолият то имрӯз дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 99 шурои диссертатсиониро таъсис дода шудааст”.

Баъдан, Сайдулло Қувватзода намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти Комиссия суханронӣ намуда, иброз дошт, ки  тибқи маълумот аз ибтидо  то имрӯз зиёда аз  3151  парвандаи аттестатионӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ  ба Комиссия ворид гарида, 2637  парванда тасдиқ шудааст. Комиссия дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои илмии вазорату идораҳо таҳияи феҳристи мавзуъҳои таҳқиқотии самту равияҳои авлавиятдошта ва ба иҷрои барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои стратегии кишвар мусоидаткунандаро ба нақша гирифтааст, ки ин ба пешгирии такроршавии мавзуъҳои таҳқиқотӣ мусоидат карда, амалишавии натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар истеҳсолотро таъмин менамояд.

Зикр гардид, ки Комиссия  дар давраи фаъолияти босамари худ дар роҳи таъмини Истиқлолияти илмии кишвар ва дар самти тарбияи кадрҳои илмӣ ба дастовардҳои назаррас  ноил гардидааст.

Имрӯз бо дарназардошти 535 ихтисоси илмии таснифоти самт ва ихтисосҳои доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 564 ихтисоси илмии Феҳристи ихтисосҳои кормандони илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар маҷмуъ 1099 ихтисоси илмӣ) барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи тақрибан 377 (66,8%) ихтисос ва барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос аз рӯйи тақрибан 350 ихтисос бо назардошти ҳимояҳои якдафъаина кормандони илмӣ омода карда шудаанд,  қайд гардид дар маърӯзаи саркотиби илмии Комиссия Маъруфӣ  Расул Нурмуҳаммад.

Ҳамзамон, Вализода  Ҳокимхон, мудири шуъбаи аттестатсионии  илмҳои гумантарӣ  дар баромади хеш қайд намуд, ки то таъсис ёфтани Комиссияи мазкур донишмандони тоҷик рисолаҳои илмии худро дар шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Россия, ки бо иҷозатномаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия фаъолият мекарданд, ҳимоя менамуданд. Акнун олимону пажӯҳишгарони тоҷик баъди таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионӣ имкон пайдо карданд, ки рисолаҳои илмии худро бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ омода ва дифоъ намоянд.

Сипас аъзои раёсат ва меҳмонон  оид ба фаъолияти Комиссия   андешаронӣ намуда, доир ба фаъолияти минбаъда, таъсиси шуроҳо ва ихтисосҳои  самтҳои гуногуни илмӣ, махсусан, фанҳои дақиқ   пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

Дар охир ба як зумра довталабон диплом ва шаҳодатномаҳо, ҳамчунин, ба кормандони  ниҳоди зикрёфта  барои фаъолияти пурсамар бахшида ба таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионӣ “Сипоснома”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. 

Суратгузориш аз рафти конференсияи илмӣ

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org