Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 санаи 22 августи соли 2025, соати 10-00 дар толори Комиссия бо иштироки намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе подполковники адлия Шералӣ Раҳимзода хониши идоравиро баргузор намуд.
Ҷамъомади мазкурро муовини раиси Комиссия Муъмин Шарифзода оғоз намуда, аҳли толорро бо рӯзномаи хониши идоравӣ шинос намуда, вобаста ба амалисозии Стратегияи мазкур дар Комиссия ва корҳои анҷомдода оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ андешаронӣ намуда, суханро ба намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шералӣ Раҳимзода доданд.
Мавсуф, дар бораи мазмуну мундариҷаи Стратегияи номбурда маълумоту муфассал дода, аз ҷумла қаӣд карданд, ки ҳадафи асосии он таъмини шаффофият, масъулиятнокӣ ва самаранокии фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, чораҳои муассирро бобати пешгирӣ, ошкор ва коҳиш додани коррупсия роҳандозӣ менамояд.
Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад ва боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Аз ҷумла дар бораи бандҳои алоҳидаи ҳуҷҷати мазкур андешаронӣ карда, қаӣд карданд, ки ба ҳамаи мо зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ, риоя ва амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба масъалаи мазкур, тартиботи ҳуқуқӣ, рушди фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар якҷоягӣ чораҳои зарурӣ андешем.
Ҳамчунин, оид ба баргузории чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, мулоқоту вохӯриҳо, таҳия ва чопи мақолаҳо, баромаду суханронӣ дар барномаҳои воситаҳои ахбори омма, пардохти хизматрасониҳои давлатӣ тавассути низоми электронӣ, баргузор намудани таҳқиқоти сотсиологӣ вобаста ба масъалаҳои коррупсионӣ андешаронӣ намуда, вобаста ба қонуншиканиҳои рӯӣдода дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо мисолҳоро бо факту далелҳо пешкаши кормандон гардониданд.
Дар охир саволу ҷавоб доир гардида, кормандон ба саволҳои худ посухҳои асоснок гирифтанд.
Чорабинии мазкурро муовини раиси Комиссия Муъмин Шарифзода ҷамъбаст карда, ҷиҳати татбиқи марҳилаи аввали Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 аз ҷониби Комиссия тадбирҳои судманд андешида мешавад.