Previous Next

Паёми табрикотии Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Давлатзода бахшида ба Рӯзи дониш

    Муҳтарам устодон, донишҷӯён, падару модарон ва толибилмони азиз,

   Ҳамаи шуморо бо фарорасии соли нави таҳсил табрику муборакбод намуда, ба шумоён сиҳатии комил, рӯзгори осуда, саодатмандӣ ва дар фаъолияти илмиву омӯзгорӣ, инчунин донишандӯзию ҳунаромӯзӣ  дастоварду комёбиҳо орзу менамоям.

   Рӯзи Дониш ва Сулҳ номгузорӣ гардидани нахустин рӯзи оғози соли нави таҳсил худ гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат маҳз, ба дониши ба асосҳои илми муосир ташаккулёфта ва сулҳу ваҳдати комил дар кишвар таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, барои рушди самарабахши он тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

   Имрӯзҳо бо шарофати сулҳу истиқлол, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, фарорасии шароити мусоид барои кору эҷод ва таҳсил, мардуми шарифи Тоҷикистон бо руҳбаландии бузург ва азму суботи комил баҳри  ободу зебо гардонидани кишвари азизамон меҳнат намуда истодаанд.

   Бешубҳа, яке аз пояҳои асосии омӯзишу истифода намудани дастовардҳои илму техникаи муосир, рушди илму маориф мебошад. Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дастгирии рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати дохилии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуда, ба он таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд. Маҳз, дар партави амалигардонии  ҳамин мақсад мақоми илму маориф ҳамчун омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат таъкид мегардад ва  ин масъала ҳама вақт дар маркази диққати  Ҳукумати ҷумҳурӣ  қарор дорад.

   Бо ҳамин умед, бори дигар ҳамаи Шумо, устодон, донишҷӯён, падару модарон ва толибилмони кишвари маҳбубамонро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил самимона табрик мегӯям ва бароятон саломативу хушбахтӣ, таҳсили аъло ва барори кор орзумандам.

   Рӯзи Дониш муборак бошад! 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org