Дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои назарраси истеҳсоливу соҳибкорӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумла, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ Вализода Ҳокимхон Сафолиён ва мудири шуъбаи коргузорӣ ва назорат Шарифзода Бахтиёр бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.