ФАРҲАНГИ НОМГУЗОРИРО РИОЯ НАМОЕМ

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран ба иттилоъ мерасонад, ки бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024, №14136 (26.5) қабл аз ирсоли парвандаҳои аттестатсионӣ ба Комиссия, насаб, ном ва номи падари довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шаванд.

Ёдрас месозем, ки дар ин хусус қаблан дар сомонаи расмии Комиссия эълон нашр гардида буд. Бо вуҷуди ин, то ҳол дар мавриди пешниҳоди парвандаҳои аттестатсионӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» риоя нагардида, насаб, ном ва номи падари довталабон бо шаклҳои ғайритоҷикӣ ва риоя нагардидани имло пешниҳод мегарданд.

Таъкид мегардад, ки дар сурати иҷро нагардидани талаботи мазкур, баррасии парвандаҳои аттестатсионӣ ва дигар дархостҳои марбут мавқуф гузошта мешаванд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org