Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи диссертатсияҳо ва мақолаҳои илмие, ки дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ба нашр расидаанд, дар қисмати истифода ва иқтибосоварӣ ба сарчашмаҳои илмӣ як қатор камбудиҳо муайян карда шуданд, аз ҷумла:
- Овардани адабиёти илмие, ки дар матни диссертатсия ва мақолаи илмӣ истифода нашудааст.
- Маълумот оид ба истифодаи сарчашмаҳои илмӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалии қабулгардида (ГОСТ) мушаххас ва дақиқ нишон дода намешавад.
- Нишон надодани саҳифаҳои дақиқи сарчашма ҳангоми иқтибосоварӣ.
- Аз меъёр зиёд овардани иқтибосҳо, яъне зиёда аз 25%-и ҳаҷми диссертатсия ё мақолаи илмӣ.
- Нодуруст нишон додани пайвандҳо (линкҳо) ба маводи истифодашуда, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандае, ки ба самти илмии лоиҳа пешбинӣ нашудааст.
Дар робита ба ин, дар мавриди таҳияи мақолаҳои илмӣ ва диссертатсия талаботи муқарраргардидаи истифода ва иқтибосоварӣ аз сарчашмаҳои илмӣ бояд риоя карда шаванд. Иҷрои ин талабот барои баланд бардоштани сатҳи илмӣ ва мутобиқати мақолаҳои илмӣ ва диссертатсия ба меъёрҳои раддабанди неруи илмӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, аз масъулин хоҳиш карда мешавад, ки барои бартараф намудани камбудиҳои болозикр тадбирҳои зарурӣ андешида, қоидаҳо ва этикаи илмиро қатъиян риоя намоянд.