Якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамасола дар кишвари маҳбуби мо Рӯзи омӯзгор ботантана таҷлил карда мешавад. Шукри истиқлоли Ватан, шукри Пешвои муаззами миллат, ки боз муаллим-омӯзгор дар ҷомеаи навин қадру манзалати худро пайдо мекунад. Ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон, ҳамасола афзун намудани маоши вазифавии онҳо далели тасдиқи гуфтаҳои болост.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи Дониш иброз доштанд, ки “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад”.
Дар ҳошияи ин гуфтаҳои роҳнамою самимонаи Пешвои миллат чанд андешаи худро иброз медорем. Муаллим шахсиятест, ки дар ӯ меҳру муҳаббат, самимият, эҳтиром ва гузашт кардану ислоҳ намудани хатою норасоиҳои шогирдон бо ӯ ташаккул ёфта ва тамоми умр ӯро ҳамроҳӣ менамояд.
Се амали бо омӯзгор паҳлу ба паҳлу, дар такомул ва рушд ин муҳаббат ба касби омӯзгорӣ, кордонию дурандешӣ ва муҳаббат ба кӯдакон, омӯзиши хонандагон мебошад. Пеш аз ҳама, муаллим бояд бо ҷаҳонбинии васеъ, дониши қавӣ ва идроки олӣ барои ба илму дониш шавқманд намудани кӯдакон ва бад- ин васила кушодани ҷаҳони илму дониш назди толибилмон саҳм гирифта тавонад. Барои даст ёфтан ба ин амал пеш аз ҳама омӯзгорро зарур аст, ки бо боварӣ ба дониши худ ва бо муҳаббати беандоза ба ҳар як шогирд дар доираи ҷаҳонбинию тафаккури ӯ рафтор карда тавонад. Ин ҳадафи олӣ ҳамон вақт ба омӯзгор даст медиҳад, ки нисбати кӯдакон мушфиқу меҳрубон, таҳаммулпазир, орӣ аз ҳама гуна рафторҳои ғайриахлоқӣ бошад ва барои рушди фикриву равонии шогирдон мусоидат намояд.
Омӯзгор дар баробари таълим додан ба дигарон ҳамеша дар омӯзиш аст ва дар сурати қатъ намудани омӯзиш ӯ ҳамчун омӯзгори ҳақиқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Вай пеш аз ҳама ҳамчун инсони ҳақиқӣ бо рафтору гуфтор, одоби либоспӯшӣ, гуманизм ва тозагиву озодагӣ на танҳо барои шогирдон, балки барои ҳамаи ҷомеа бояд намуна бошад. Ошкоргӯӣ дар ҷодаи илм ва тарбияи он дар зеҳну шуури кӯдакон вазифаи омӯзгор буда, ин падида пеш аз ҳама дар ботини омӯзгор бояд қавӣ ҷой гирифта бошад.
Пеш аз ҳама омӯзгор бояд фикри хонандаро эҳтиром намуда, хислатҳои дағалӣ, ҷабр намудан, таҳқир кардан, истифода аз латукӯби хонандагон, зӯран бор намудани ақидаи шахсии худ болои кӯдакон ва даҳҳо хислатҳои бадро ба пуррагӣ аз худ дур созад. Нодуруст баҳогузорӣ кардан ба дониши хонанда, ҳадафи таҳқир қарор додани ин ё он толибилм, якеро аз дигаре боло донистан, ба дониш не ба ин ё он хусусияти хонаводагии кӯдак нигоҳ карда баҳогузорӣ намудани омӯзгор аз хислатҳои
Муаллиме, ки фанни худро дар доираи васеъ намедонад, танҳо бо китоби дарсӣ иктифо менамояд, истифодаи аёниятҳоро дар таълим ба роҳ намемонад, наметавонад, ки талаботи ба дарки мавзӯъ доштаи хонандаро қонеъ созад. Маҳз ҳамин омил боис мешавад, ки хонанда аз дарс дилсард гардида, шароити дарсгурезӣ, хасташавӣ, ба бозӣ ва ё шуғли дигар андармон шудани кӯдакон дар дарс ба миён ояд.
Ба ғайр аз ин, вобаста ба психологияи кӯдакон муаллим бояд таълимро тарзе ба роҳ монад, ки ба фаҳмиши кӯдакон наздик ва дарки мавзуъ барои онҳо дастрас бошад.
Вобаста ба пешрафти илмиву техникии ҷомеа омӯзгор бояд омӯзиши технологияи ҳозиразамонро аз худ карда, дар баҳси хонандагон ва ё ҷомеа нисбати пешрафти илмию техникӣ иштирок карда тавонад ва аз навгониии илмиву техникӣ бохабар бошад.
Дарсе, ки бо ноогоҳӣ ва омода набудани омӯзгор мегузарад, на танҳо барои хонанда, балки барои худи омӯзгор ҳам дилгиркунанда ва бенатиҷа хоҳад буд. Дар бештари мавридҳо омӯзгор ба хотири пӯшидани айбу норасоии дарс бо баланд намудани овози худ ва ё ба дигар мавзуъ андармон намудани хонандагон рӯ меорад, ки натиҷаи он дилсард гардидани хонандагон аз омӯзгор ва бенатиҷа анҷом ёфтани дарс мегардад.
Педагогикаи муосир талқин мекунад, ки омӯзгор ҳамчун ҳунарманд бо ҳар як кӯдак ва хислати доштаи ӯ рафтор карда тавонад ва хусусиятҳои таҳқир кардан, бадбинӣ ва даст бардоштан болои кӯдаконе, ки табиати шух доранд ба омӯзгор хос нест. Муаллим дар баробари омӯхтани илмҳои гуногун ба хонандагон онҳоро бо ҷаҳони муосир ошно месозад, рафтори онҳоро тағйир медиҳад ва меҳру муҳаббатро дар дили онҳо нисбати ватан, миллат, халқиятҳои гуногуни кураи замин, олами набототу ҳайвонот, табиати зебо ва дигар масъалаҳои рух медода парвариш медиҳад.
Муаллиме, ки бо муҳаббат ба кори худ муносибат мекунад, хонандагонро чун фарзандони худ дониста, барои босавод намудани онҳо заҳмат мекашад ӯ муаллими ҳақиқӣ аст. Бояд таъкид кард, ки тули қарнҳои дароз муаллим бо назардошти илму дониш доштан ва онро омӯхтанаш ба шогирдон соҳиби обурӯву эҳтироми доимӣ будааст.
Дар давоми ҳазорсолаҳо хизмати омӯзгор барои раҳонидани мардум аз ҷаҳолат, нигоҳ доштани илму хирад ва ривоҷ додани он бузург буда, мавриди ситоиш қарор гирифтааст.
Ҷомии бузург фармудааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Бузургию шаҳомати шоҳони пешини эронинажод, файласуфони Юнону Ҳинд ва дастовардҳои илмию техники асрҳои пешину имрӯз маҳз бо заҳмати омӯзгор ва тайёр кардани шогирдони бодонишу бофарҳанг рӯи кор омадааст. Дар таърихи бештар аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик, ки тули он илму дониш ва хирад бузургтарин пирояаш буд, саҳми устод-омӯзгор ниҳоят қавӣ арзёбӣ мегардад. Махсусан дар замоне, ки тохтутози аҷнабиёни саҳронишин, бехирадони беоину дин ва кучиёни бемояи хатоофарин дар сарзамини гузаштагони мо сурат мегирифт, саҳми омӯзгорон дар роҳи бо хату савод намудани фарзандони ғосибон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо дар баробари фарзандони қавму миллати тоҷик ниҳоят калон аст. Ин аст, ки ҳар қавми ғосибе, ки ба сарзамини мо омад бо хату савод ва дину оин шуд. Ва бе муҳобо метавон гуфт, ки нақши миллати тоҷик ҳамчун омӯзгор дар миёни қавмҳои турку тотор бениҳоят бузург аст.
Дар охирҳои асри 19 бо ибтикори маорифпарварон ва зиёиёни боору номуси тоҷик дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд аввалин мактабҳои усули нав ва омӯзгороне, ки бо методу усулҳои фаъол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардиданд, пайдо шуданд. Агарчи таълиму тарбия дар мадрасаҳои шаҳрҳои Аморати Бухоро ва Хонигарии Қуқанд муваффақиятҳои зиёде дошт, вале бо сабаби дастнорас будан барои ҳамагон таҳаввулот дар ҷодаи таълиму тарбия бояд роҳандозӣ мегардид. Ин масъулияти бузургро на ҳукумати амирӣ, балки омӯзгорон, ки баъдтар мавриди шиканҷа ва озарму озор қарор гирифтанд, бар дӯш доштанд. Маорифпарварон, омӯзгорони мактабҳои ҷадид дар Бухорои Шариф Садри Зиё, Садриддин Айнӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Фитрат, Қорӣ Раҳматулоҳ, Аҷзии Самарқандӣ, Абдулвоҳиди Мунзим ва даҳҳо маорифпарварон зинаҳои аввали мактаби навро гузоштанд, ки баъдтар ин мактаб дар тафаккури озодандешӣ ва маорифпарварии тоҷик хизмати беандоза намуд.
Мактабҳои нав дар пешрафти тафаккури кӯдакони Бухорои куҳан нақши бузургеро бозиданд, ки бо заҳмати маорифпарварон ва омӯзгорони аввалин мактабҳои сохти нави тоҷикӣ бунёд ва фаъолият намуда буданд.
Дар охирҳои асри 19 бо ибтикори маорифпарварон ва зиёиёни боору номуси тоҷик дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд аввалин мактабҳои усули нав ва омӯзгороне, ки бо методу усулҳои фаъол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардиданд, пайдо шуданд. Агарчи таълиму тарбия дар мадрасаҳои шаҳрҳои Аморати Бухоро ва Хонигарии Қуқанд муваффақиятҳои зиёде дошт, вале бо сабаби дастнорас будан барои ҳамагон таҳаввулот дар ҷодаи таълиму тарбия бояд роҳандозӣ мегардид. Ин масъулияти бузургро на ҳукумати амирӣ, балки омӯзгорон, ки баъдтар мавриди шиканҷа ва озарму озор қарор гирифтанд, бар дӯш доштанд. Маорифпарварон, омӯзгорони мактабҳои ҷадид дар Бухорои Шариф Садри Зиё, Садриддин Айнӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Фитрат, Қорӣ Раҳматулоҳ, Аҷзии Самарқандӣ, Абдулвоҳиди Мунзим ва даҳҳо маорифпарварон зинаҳои аввали мактаби навро гузоштанд, ки баъдтар ин мактаб дар тафаккури озодандешӣ ва маорифпарварии тоҷик хизмати беандоза намуд.
Мактабҳои нав дар пешрафти тафаккури кӯдакони Бухорои куҳан нақши бузургеро бозиданд, ки бо заҳмати маорифпарварон ва омӯзгорони аввалин мактабҳои сохти нави тоҷикӣ бунёд ва фаъолият намуда буданд.
Дар ибтидои асри XX мисли дигар давлатҳои собиқ иттиҳоди шуравӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низ мактабҳои типи нав бо ном «Усули ҷадид» пайдо шуданд. Соли 1912 аввалин мактаби типпи навро дар шаҳри Хуҷанд сокини шаҳри Тошканд Юсуф Муллохон Муҳамадов ташкил кард. Хатмкардаи ҳамин мактаб, зодаи маҳаллаи Гузари Маддоҳо Ҳасанхон Эшонов боз як мактаби дигарро дар хонаи худ бунёд намуд. Дар ҳамон солҳо як мактаби типи нав аз ҷониби Ҳоҷӣ Ҳусайни Роҷӣ-донандаи фанҳои математика, география ва нуҷум ба фаъолият оғоз кард. Ин мактаб дар маҳаллаи Намозгоҳ ҷойгир шуда буд. Аз рӯи маълумотҳои ба қайдгирии солҳои 1927-1928 дар умум 42 мактаб бо фарогирии 578 хонанда ба қайд гирифта шудааст.
Якумин мактаби русӣ – туземӣ, баҳори соли 1895 кушода шуд. Вай дар наздикии конселярияи уезди Хуҷанд (ҳозира гимназияи №1) ҷойгир шуда буд. Ин мактабро сармутахассиси омӯзишгоҳҳои Туркистон В. Ф. Керенский кушод. Мактаб аз ду синфҳои алоҳида (русӣ ва миллӣ) иборат буд.
Дар солҳои 1897 -1898 мактаби русӣ – туземиро ду нафар тоҷик Бурҳонхӯҷа Комилхӯҷаев ва Маткарим Собиров хатм карданд. Дар соли 1910 дар мактаб 50 хонанда, дар соли 1915 - 144 хонанда мехонданд. Дар байни хатмкунандагони ин мактаб шахсони барӯманди шаҳри Хуҷанд Абдулло Раҳимбоев, Муҳидин Хӯҷаев, додарон Аҳмадбек ва Бобобек Мавлонбековҳо, М. Ҳасанов, Р Отабеков, Х. Умаров ва А. Азимов, муаллимони мактаби русӣ – туземӣ Бурнашев, Осипов ва Алимаҳмад Атабоев буданд .
Баҳори соли 1921 дар уезди Хуҷанд 67 мактаби тоҷикӣ бо миқдори 3000 хонанда ба ҳисоб гирифта шуда, дар он 141 нафар муаллимон фаъолият мебурданд.
Дар солҳои 30-юми асри гузашта гурӯҳҳои зиёди комсомолӣ ва педагогӣ аз донишгоҳҳои педагогӣ ва хоҷагии шаҳри Хуҷанд ба мактабҳои ноҳияҳои шарқу ҷануби Тоҷикистон – Тавилдара, Қалъаи Хум, Шуробод, Ҳоит, Янги Бозор (Ваҳдат), Балҷувон, Ховалинг, Дарвоз барои ёрӣ расонидан дар мубориза баҳри барҳам додани бесаводӣ сафарбар карда шуданд, ки дар ҳамон солҳо натиҷаҳои хуб дод.
Хушбахтона, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли фарзонафарзандони гузаштаи миллати хеш аз рӯзҳои аввали зимомдории давлати тоҷикон илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати хеш дониста, ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ин сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат боиси он гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар садҳо мактабҳои типпи нав сохта шуда, бо асбобу аёниятҳои муосир муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Дар баробари ин шароити фаъолияти омӯзгорону кормандони илм ба маротиб беҳтар гардид.
Дар замони муосир талабот ба соҳаи маориф ва омӯзгор дигар шуда, танҳо омӯзгороне метавонанд фаъолияти омӯзгории худро давом диҳанд, ки бо технологияи имрӯзаи муосир ошно буда, дар баробари ин қобилияти руҳӣ ва равонии кӯдаконро дар замони тарақиёти илму техника дарк карда тавонад. Дарси дилгиркунанда, фазои номусоиди мактаб, дониши қавӣ надоштани омӯзгор боиси он мегардад, ки хонанда нисбати илму дониш дилсард гардида, нисбати омӯзгори худ бо нафрат муносибат хоҳад намуд.
Имрӯз назди омӯзгор вазифаи асосӣ аз он ибарат аст, ки барои инкишофи тафаккури кӯдак, ташаккули руҳиву равонии он, дарки зебоӣ, донистани технологияи муосир, омӯхтани хулқу атвори баланди инсонӣ, гуманизм, дарки зебоӣ, нафрат ба хиёнат, ба беадолатӣ ва амалҳои ғайриинсонӣ саҳм бигирад. Сухани Лев Толстой, нависандаи бузурги ҷаҳониро ин ҷо овардан ба маврид аст «Агар омӯзгор муҳаббат ба касби худ ва муҳаббат бо хонандаро бо ҳам пайваста тавонад, ӯ омӯзгори ҳақиқӣ аст».
Педагоги бузурги рус В. А. Сухомлинский гуфта буд: «Ҳама ҳастиятро ба кӯдак бубахшой, сипас метавон туро муаллим хонд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш аз ҷумла иброз доштанд, ки “Маҳз омӯзгорон – машъалафрӯзони ҷомеа қодиранд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор гузоранд”.
Ба ин гуфтаҳои бузургон дар мавриди шахсияти омӯзгор чизеро илова кардан мушкил аст. Фақат омӯзгор ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки падару модар беҳтарин неъмати хеш, ҷону ҷигараш-фарзандро ба ӯ бовар кардаанд ва фардо аз ин тифл кӣ ба воя мерасаду мақоми омӯзгор дар ҷомеа дар кадом поя аст аз ҳамин рӯзе, ки шогирду устод рӯ ба рӯ нишастаанд, яке меомӯзонаду дигарӣ ёд мегирад, вобаста аст.
Месазад, барои ҳамин рӯз, ки фардояш дурахшон аст, заҳмат кашем.
Ҷашн муборак, омӯзгор!
Сайфиддин Давлатзода,
раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои биологӣ, профессор