Имрӯз дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Комиссия М. Шарифзода оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки забон воситаи муҳимтарини робитаи байни одамон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Ва дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Саодатшоҳ Матробиён андешаҳояшро оид ба ҷойгоҳ ва нақши забони тоҷикӣ дар рушди давлатдории миллӣ баён намуда, иброз дошт, ки забони давлатӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Бо ин забони шевою шоирона садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан гуфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.
Мавсуф, аз забони давлатӣ ситоиш карда, қайд намуд, ки олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.
Ҳамзамон, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гумантарӣ Ҳокимхон Вализода зимни суханронӣ аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба омӯзгорон ёдовар шуда, зикр намуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар кору фаъолияти омӯзгорон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Қабули қонунҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсилот барои ҳама гуна зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷумла, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин намудани онҳо, зина ба зина баланд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии онҳо дар робита бо ҳамкориҳои солими падару модарон ва ҷомеа, қадршиносии онҳо ба ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки ба дастгирии омӯзгорон ва беҳтар шудани фаъолияти онҳо нигаронида шудаанд.
Қайд гардид, ки воқеан, рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маърифат, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия ва донишу малакаи омӯзгор вобастагии калон дошта, дар ҷодаи рушд ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ низ яке аз рисолатҳои ҳатмии омӯзгори асил мебошад.
Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони Комиссия мукофот супурда шуд. Аз ҷумла, Мавзуна Каримзода бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Самариддин Ҷамолӣ ва Мукаррама Наврӯзшоева бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.