Тибқи таҳлили диссертатсияҳо ва авторефератҳое, ки барои санҷиши асолат пеш аз ҳимоя ворид шудаанд, муайян гардид, ки дар онҳо ҳолатҳои истифодаи зеҳни сунъӣ барои омода намудани матн ҷой доранд.
Мутаассифона, таҳлили динамикаи чунин ҳолатҳо нишон дод, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба моҳи январи ҳамин сол шумораи диссертатсияҳо ва авторефератҳое, ки бо чунин ҷурм таҳия шудаанд, 6 маротиба зиёд мебошад.
Илова бар ин, вобаста ба самтҳои илмӣ муайян гардид, ки аз ҳама бештар чунин корҳо ба самти илмҳои таҳсилот, иқтисодиёт ва сиёсатшиносӣ рост меоянд.
Бо дарназардошти чунин ҳолат, аз довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ талаб карда мешавад, ки аз истифодаи ин усулҳо худдорӣ намоянд. Минбаъд, рӯйхати довталабоне, ки дар диссертатсия ё автореферати онҳо истифодаи зеҳни сунъӣ ошкор мегардад, дар сомонаи расмӣ нашр карда мешавад.