Санаи 29 феврали соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” бо ширкати намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ, ки дар ҳайати гурӯҳ шомиланд, баргузор гардид.
Дар ҷаласа самтҳои минбаъдаи кор оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур муайян карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ-техникӣ танзим менамояд.
Дар таҳрири нав қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардида, барои беҳтаргардонии фаъолият дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.