29 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи нахусти Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд-Комиссия) дар ҳайати нав таҳти раёсати раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин доир гардид.
Дар ҷаласаи Раёсат як қатор масъалаҳои корӣ, аз ҷумла оид ба додани унвонҳои илмӣ, ташкили ҳимояи якдафъаина, баробарарзиш донистани дипломҳои дараҷаи илмӣ ва масъалаҳои ҷории аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ баррасӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Раёсат мақоми олии илмӣ-аттестатсионии Комиссия буда, масъалаҳои аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олиро баррасӣ менамояд.
Раёсат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Низомномаи муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати нави раёсати Комиссия бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2024, № АП-526 тасдиқ гардид.