Таваҷҷуҳ!!! Маҷалла бояд илмию бехато нашр шавад

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар мерасонад, ки ҳангоми гузаронидани мониторинги маҷаллаҳои илмии тақризшаванда камбудиҳои зерин ошкор карда шуданд аз ҷумла:

  • дар муҳлати муайяншуда нашр нашудани шумораҳои навбатии маҷаллаҳо дар сомонаҳои расмӣ ва сомонаи ШИИР (Elibrary);
  • истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳияи мақолаҳо бе риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ;
  • риоя нагардидани талаботи стандарти давлатии ГОСТ дар таҳияи мақолаҳо;
  • номувофиқатии сарлавҳаи мақола ва муҳтавои он;
  • хатоҳои зиёди имлоӣ, техникӣ ва грамматикӣ ҳангоми таҳияи мақолаҳои илмӣ.

Дар ин робита, аз муассисаҳое, ки номашон дар ҷадвали замимагардида зикр ёфтааст, қатъиян талаб карда мешавад, ки:

  1. Шумораи навбатии маҷаллаҳои илмӣ (№3) соли 2025 то 10 ноябри соли 2025 дар сомонаи расмии маҷалла ва сомонаи ШИИР ҷойгир карда шавад.
  2. Нусхаи чопии шумораи зикршуда ба Комиссияи олии аттестатсионӣ ва гирандагони ҳатмии маҷаллаҳо сари вақт пешниҳод гардад.
  3. Дар таҳияи мақолаҳои илмӣ аз истифодаи зеҳни сунъӣ худдорӣ карда шуда, меъёрҳои ахлоқи илмӣ ба роҳбарӣ гирифта шавад.
  4. Қоидаи имлои забони тоҷикӣ, талаботҳо оид ба қабули мақолаҳои илмӣ, қоидаҳо барои муаллифон ва талаботи ГОСТ ҳангоми таҳияи мақолаҳо қатъиян риоя карда шавад.
  5. Барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ҷиҳати таъмини сифати баланди илмӣ ва баланд бардоштани нуфузи маҷаллаҳои илмии тақризшаванда дар сатҳи байналмилалӣ чораҷӯи карда шавад.

Ёдрас менамоем, ки дар сурати риоя нагардидани талаботи болозикр маҷаллаи илмӣ аз Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ хориҷ карда мешавад.

 

Замима: ҷадвали таҳлилӣ ва маълумотнома оид ба камбудиҳои маҷаллаҳои илмии тақризшаванда

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org