Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Конститутсия барои давлати муосир меъёри ҳуқуқии тамоми муносибатҳо, шаклгирии ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ, кафили инъикоси ҳуқуқӣ ва эътирофи олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷат ва санади олии ҳуқуқӣ мавқеи олии ҳуқуқӣ дошта, асоси ташаккули ҳокимияти давлатӣ, танзимкунандаи тамоми муносибатҳо ва падидаву ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ эътироф мегардад.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 Тоҷикистон ба таҳияи низоми нави ҳуқуқӣ, ки қодир ба таҳкими истиқлолият ва принсипҳои демократии низоми давлатдорӣ ниёз пайдо намуд. Қадами муҳим дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли ҳуқуқбунёд қабули Конститутсияи муваффақ ва соҳибистиқлоли он буд, ки ба эъмори давлати ҳуқуқӣ асос гузошт. Дар он принсипҳои асосии ташаккули давлатӣ ҳуқуқӣ, аз ҷумла волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият ва идоракунии демократӣ муқаррар карда шуданд. Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро эълон намуда, ниҳодҳои давлатӣ ва ваколатҳои онҳоро муайян кардааст. Ин ҳуҷҷат рамзи муҳимми марҳалаи нави ҳаёти рушдёфта ва мустақили сиёсиву ҳуқуқии давлати навини Тоҷикистон гардид, ки дар роҳи демократикунонӣ ва навсозӣ мубориза мебарад.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора мекунанд, ки: «халқи Тоҷикистон, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».
Тағйироти солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба таҳкими устувори низоми давлатдории муосири ҳуқуқии Тоҷикистон нигаронида шуда, бар зарурати рушди минбаъдаи ниҳодҳои демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандон таъкид кардааст.
Муқарароти асосии Конститутсия ҳамчун бунёдгузори давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон. Давлати ҳуқуқӣ навъи нави давлати муосири демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Он дар назарияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ навъи давлате таъриф меёбад, ки тамоми раванди шаклгирии фаъолияташ тобеи меъёрҳои ҳуқуқ ва муқарароти қонунист, инчунин принсипҳои асосии ҳуқуқӣ, ки ба ҳифзи шаъну шараф, озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон нигаронида шудаанд инъикоси конститутсионӣ пайдо намудааст
Муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси даҳ боб ва сад модда, ки онҳо ифодакунандаи принсипҳои ҳуқуқии сохтори давлатдории Тоҷикистон, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандон, масъулият ва вазифаҳои онҳо, ташаккули мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ ҳамчун ҳокимияти халқӣ, инъикоси муқаррароти ҳуқуқие, ки ба шаклгирӣ, ташаккул ва инкишофи ҳокимияти намояндагии давлатӣ, муқаррароти марбут ба ҳокимияти судӣ ва адолати судиро дар бар мегирад, ба ҳисоб меравад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бунёди ҳуқуқии рушди давлати ҳуқуқии Тоҷикистон принсипҳо ва муқаррароте, ки шарти асосии будани як давлати мустақили ҳуқуқбунёди ҳуқуқии муосир мебошад, инъикоси худро ёфтааст. Масалан, муқаррароти моддаи 1-ум Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақили соҳибихтиёр таъриф додааст. Соҳибихтиёрӣ ҳамчун принсипи давлати ҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки ҳокимияти олӣ дар кишвар ба халқи он тааллуқ дорад ва мақомоти давлатӣ дар доираи қонун, ки иродаи шаҳрвандонро ифода мекунад, амал мекунанд. Масалан, муқаррароти моддаи 6-ум халқро «…баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ…» муаррифӣ намудааст.
Эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун принсипи волоияти қонун пешбинӣ мегардад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шахс тавассути қонун эътироф, ҳифз ва таъмин карда мешавад. Арзишмандтарин муқаррароти конститутсионӣ вобаста ба ин дар моддаи 5-уми Конститутсияи Тоҷикистон инъикос ёфтааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Дар моддаи зикргардида асосан се ҳолат: а) арзиши олӣ эътироф кардани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он; б) дахлнопазирии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон; в) кафолатҳои ҳимояшавандагии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз ҷониби давлат ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ба назар гирифта шудааст.
Принсипи муҳими ташаккули давлати ҳуқуқӣ, ки ба тартиби демократӣ ташаккули таркиботи сохтории ҳокимияти давлатӣ бахшида шудааст, тақсимоти ҳокимият ва асоси конститутсионӣ пайдо намудани он мебошад. Дар муқаррароти моддаи 9-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ таҷзия гардида, муқаррароти бобҳои алоҳида оид ба шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ифодаи муайян намудани шакли конститутсионии вазифа ва салоҳиятҳо, доираи амал ва шакли фаъолияти ин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Масъулиятпазирӣ ва ҳисоботдиҳанда будани давлат ва мақомотҳои он яке аз принсипҳои асосии ташаккули давлати ҳуқуқӣ мебошад. Масъулияти давлат ҳамчун принсипи давлати ҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо барои амалу қарорҳои худ дар назди шаҳрвандон ва тамоми ҷомеа масъулият доранд. Муқаррароти моддаи 14-и Конститутсия, ки: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд… мақсад, мазмуни… фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд…», моддаи 25, ки: «Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд» заминаи асосӣ ва бунёдӣ ба воқеияти реалӣ табдил ёфтани принсипи давлати ҳуқуқӣ ва таҳкими давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.
Аҳаммият ва нақши Конститутсияро дар таҳкими давлати ҳуқуқии Тоҷикистон мо метавонем дар татбиқи чанд вазифаҳои асосии он муайян намоем:
Конститутсия вазифаи муқарраротӣ ва муайянкунандагии раванди таъсис, шаклгирӣ ва таҳкими амали таркиботи сохтории ҳокимияти давлатиро иҷро мекунад. Конститутсия сохтори ҳокимиятро муайян намуда, салоҳият ва масъулияти мақомоти давлатиро муқаррар намуда, фаъолияти онҳоро дар доираи қонун таъмин менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асосии бунёдии ташаккули давлати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон вазифаи ҳифз ва кафолатдиҳандагии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ба амал мебарорад. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандонро муқаррар намуда, онҳоро аз дахолати худсаронаи субъекти муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳифз менамояд. Масалан, муқаррароти моддаҳои боби дуюми Конститутсия, ки ба «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандон» бахшида шудааст.
Вазифаи дигари Конститутсияи Тоҷикистон, ки метавонад яке аз ҷанбаҳои бунёдии давлати соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистонро таҳким бахшад ин эҷоди эътимоди ҳуқуқӣ мебошад. Конститутсия асоси қонунҳои дигар буда, заминаи возеҳи ҳуқуқӣ ва қоидаҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятиро фароҳам меорад. Конститутсияи Тоҷикистон муқарраротеро дар бар мегирад, ки муайянкунанда, муташаккилсозанда ва танзимкунандаи тамоми раванду ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ба ҳисоб мераванд.
Конститутсияи Тоҷикистон асоси бунёди давлати ҳуқуқбунёд, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва фаъолияти пурсамари ниҳодҳои судӣ ва адлияи давлатӣ мебошад. Ин унсурҳо бо ҳам алоқаманданд ва барои ҷомеаи устувор, одилона ва демократии Тоҷикистон шароит фароҳам меоранд, ки дар он ҳуқуқи шаҳрвандон ҳифз ва мақомоти давлатӣ дар доираи қонун фаъолият кунанд.
Диловар САИДЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

