ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. 

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Саркотиби илмии Комиссия Расул Маъруфӣ ифтитоҳ ва ҳозиронро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар маҳсули иродаи халқи кишвар ва афкори хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пояи муҳими давлатдории миллӣ мебошад. Он ҳамчун кафили волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таъминкунандаи суботу ваҳдати миллӣ хизмат менамояд.   

Сипас, Муҳамадҷон Соҳибзода-судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки барои таҳияи Конститутсия Ҷуҳури Тоҷикистон комиссияи босалоҳият таъсис дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи нави кишвар нақши ҳалкунанда бозиданд. Кори Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ фаъолияти пурсамар карда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида, Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии меъёрҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқи инсон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва кафолати субот, воқеан яке аз беҳтарин конститутсияҳо миёни Конститутсияҳои дигар кишварҳо ба шумор меравад. Сарвари давлат бо ирода ва сиёсати хирадмандонааш тавонист мардуми кишварро барои ҷонибдорӣ аз ин санади асосии ҳуқуқӣ муттаҳид созад.

Дар партави Конститутсия кишвари азизи мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org