Рӯзи 14 ноябри соли ҷорӣ дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Комиссия, доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода ифтитоҳ намуд. Мавсуф ҳозиринро ба Рӯзи Президент табрик гуфта, аз ҷумла, иброз дошт, ки имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба яке аз давлатҳои пешрафта, амн ва устувор табдил ёфтааст. Мо, шаҳрвандони кишвар, бо эҳсоси ифтихор ва миннатдорӣ аз Сарвари хеш баҳри боз ҳам рушду нумуи Ватани азизамон саъю талош хоҳем кард. Саҳми Президенти кишвар дар таҳкими истиқлолият, рушди устувори иқтисод, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ беназир аст. Зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар соҳаҳои энергетика, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёт ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Сипас, файласуф, ходими давлатӣ, доктори илми фалсафа, профессор, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба таърихи институти президентӣ ва саҳми ин ниҳод дар рушду тараққиёти Тоҷикистон ҷалб намуд.
Ӯ қайд намуд, ки Рӯзи Президент ҳамчун рамзи эҳтиром ба институтҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатсозии муосири Тоҷикистон ба таърихи кишвари мо ворид шудааст. Ин рӯз ифодаи миннатдории мардум ба Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар раванди бунёди давлатдории навин ва таҳкими асосҳои кишвар нақши муҳим гузоштааст.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар давраи истиқлолият тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи иқтисодиёт рушд карда, корҳои бузург ба мисли ҷорӣ кардани инфрасохтори муосир, сохтмони роҳҳо, нақбу пулҳо, рушди энергетика, ғанисозии имконоти саноатӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ анҷом дода шуданд.
Ҳамчунин, дар арсаи байналмилалӣ низ Тоҷикистон мавқеи худро таҳким бахшида, ҳамчун давлати сулҳпарвар, фаъол ва боэътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ шуҳрат касб намуд. Ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба рушди иқтисодии кишвар ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат намуданд.
Мудири бахши ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Назаров Алиакбар вобаста ба саҳми ҳизб дар рушди кишвар, ки роҳбарии онро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд, сухан ронданд.
Инчунин, дар чорабинӣ кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ Д. Саидзода, А. Шоназаров ва С.Ҷамолӣ баромад намуда, андешаҳои хешро оид ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, тамомияти арзӣ ва рушди кишвар баён намуданд.
Дар охири ҷамъомад ба як гурӯҳ кормандони фаъол ифтихорнома ва сипосномаҳои ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ супурда шуда, чанд нафари дигар ба узвияти ҳизб пазируфта шуданд ва ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ супурда шуд.

