Баъди чанд рӯз, аниқтараш 16 ноябри соли равон, мардуми кишвари мо дар фазои сулҳу оромӣ якбора ду ҷашни бузургро таҷлил мекунанд. Якум, Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки бозёфти асосии он Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дуввум, рӯзи интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардиду дар он боз ҳам фарзанди сарсупурдаи мардуми тоҷик, ки баъд Пешвои миллат эътироф гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пирӯзӣ ба даст овард. Аз он сана расо 31 сол сипарӣ гардид.
Ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.
Рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб гардида буд, ба иҷрои вазифа шуруъ намуд.
Ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди нави конститутсионӣ ва сиёсию ҳуқуқие мебошад, ки дар он Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дониста мешавад.
Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ ҳамчун яке аз намудҳои сарварӣ ба давлат маъмул буда, таърихи зиёда аз дусадсола дорад ва маҳз ҳамин таҷрибаи бою ғанӣ ба он сабаб шуд, ки дар аксари кишварҳо ин ниҳод таъсиси расмӣ ёбад.
Имрӯз ниҳоди президентӣ унсури ҷудонашавандаи таҷрибаи сиёсии ҷаҳонӣ оид ба давлатдорӣ аст. Ниҳоди президентӣ яке аз унсурҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Зарурияти мавҷудияти ниҳоди мазкур аз зарурияти татбиқи функсияи сарвари давлат бармеояд, ки беш аз пеш тавсиа ёфтани ниҳоди президентӣ дар ҷаҳон шаҳодати он аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни устувори «секунҷаи» рукнҳои давлатӣ — ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад, ки ба ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, таҳким мебахшад.
Ташкили қолаби нави фаъолият ва идораи давлат бо роҳбарии Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол ва зуҳури ниҳоди президентӣ падидаи навини сиёсиву хуқуқие мебошад, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти давлатдории тоҷикон аз замони ҳокимияти асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ то имрӯз назир надорад. Сарфи назар аз дигаргуниҳову душвориҳо ва ислоҳот дар қолаби идораи давлат ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хосиятҳои рукни ҳокимият, яъне ҳокимияти иҷроияро, ки бо он алоқаманд аст, ҳифз намуд.
Албатта, ҳамаи муваффақиятҳои кишвари мо бевосита бо азму талошҳо, сарсупурдагию ҷонбозиҳо ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриф ва тарғибу тавсиф эҳтиёҷ надоранд. Муболиға намешавад агар бигӯем, ки ӯро аз кӯдаки гаҳвора то пири садсола ҳама мешиносанду номашро бо эҳтиром ба забон мегиранд. Зеро дар таърихи давлатдорӣ ва роҳбарӣ кам касоне ба мисли Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни мардум рӯидаанду мардумро ба ояндаи нек раҳнамоӣ кардаанд. Ин абармарди миллат тавонистанд бо неруи созанда, ақли солим, далерию ҷасурӣ, матонату кордонӣ миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд. Имрӯз Тоҷикистон ба симмати давлати шинохтаи ҷаҳон ва Сарвари он ба ҳайси ташаббускори байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо аз ғаму дарди миллат огаҳанд ва барои ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти мавҷуда шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд. Ҳамин аст, ки муҳаббати эшон дар дили ҳар як сокини кишвар маъво гирифтааст.
Эътимод, эҳтиром ва муҳаббати бузурги мардум нисбат ба фарзанди фарзонаи миллат буд, ки он касро Пешвои миллати худ хонданд.
Сарвари мо ба мардум ҳамдилӣ ва ёрмандӣ мекунанд ва шоистаи номи баланди Пешвои миллатанд.
Суханрониҳои пай дар пайи Пешвои тоҷикон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ роҷеъ ба ҳалли глобалии проблемаҳои дунё дараҷаи баланди инсондӯстӣ ва сатҳи олии ҷаҳонбинии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад. Ҷойи ифтихор аст, ки суханрониҳои пурмуҳтавои Президенти маҳбуби мо бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, шуҳрату обрӯи Тоҷикистонро дучанд мегардонанд.
Ҳамчун Роҳбари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳ оромиро фаромӯш карда буданд, барои зиндагии нотинҷи кишвар, бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиданду қалбашон ба аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ хитоб мекарданд: "Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем". Бо чӣ гуна дард ва бо чӣ самимияте гуфта мешуданд ин суханҳо.
Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки тақрибан як миллион гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойи зисти аввалаашон баргардонда шуданд, 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар муддати кутоҳ пурра барқарор гашт.
Бузургон дуруст гуфтаанд: ҳама корҳо ба ният алоқаманд аст. Нияту маромашон нек буд, ки ҳама корҳо ба некӣ анҷомиданд. Он кас қадам ба қадам, ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекарданд, ҳарф мезаданд, амал мекарданд ва аз худию бегона, аз руҳи гузаштагон талаби тинҷию оромии кишварро менамуданд. Ин ҳамаро мо на танҳо медидему мешунидем, балки бо қалбу руҳ дарк мекардем ва аз ин мактаб дарс ва ҳадиси ватандорӣ меомӯхтем.
Сарвари давлат аз зовияи футуввату ҷавонмардӣ ба ваъдаи додаи хеш вафо карда, бо азму иродаи қавӣ тавонистанд бузургтарин неъмат – умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳанд.
Мактабу таҷрибаи созандагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарси ибрати ваҳдати миллии он кас, давлатсозию ҳадиси ватанпарастии ин шахси таърихӣ барои халқи азиятдидаи мо сарчашмаи худогоҳӣ, хазинаи худшиносӣ ва ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстист, ки ба қадри он расидан, номи асосгузори онҳоро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаашонро ҳифз карда, идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, эҳтиром ба роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.
Аз ин рӯ, мо бояд таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкор намуда, барои боз ҳам гулгулшукуфии Ватани азизамон, ки онро ном Тоҷикистон аст, саҳм гузорем.
Рӯзи Президент ва Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ муборак бошад!

