Таҳти ҳамин унвон дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Саизода Раҳим Ҳамро, Акмалзода Нодир Носир - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анварзода Сунатулло - сардори раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Ҳукумат, сохторҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муовинони онҳо оид ба илм, котибони шуроҳои илмӣ, раисон ва котибони шуроҳои диссертатсионӣ, раисон ва аъзоёни шуроҳои экспертии КОА, сармуҳаррирони маҷаллаҳои илмӣ ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Инчунин, тариқи маҷозӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ низ ба семинари машваратӣ пайваст шуда буданд.
Сараввал Давлатзода Сайфиддин Хайриддин - раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр намуданд, ки “Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангию сиёсии ҷомеа буда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам, ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як Тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.
Сипас, раиси КОА дар мавзуи “Низоми аттестатсияи кормандони илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” тариқи рунамо вобаста ба фаъолияти Комиссия, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, камбудиҳои шуроҳои диссертатсионӣ, дастовардҳои олимони тоҷик дар хориҷи кишвар, маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ва дигар масъалаҳои мубрами самти илмӣ баромад намуданд.
Мансурӣ Дилрабо Сайдулло - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ дар мавзуи “Нақши илм ва дурнамои он дар рушди иқтисоди миллӣ” суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки “Маҳз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки барои рушди илму техника, танзим ва назорати низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, таъмини сатҳи баланди таҳқиқоти илмӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимони ватанӣ 12 августи соли 2014 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Комиссия ҳамчун ниҳоди марказии давлатӣ, ки ба танзим ва назорати низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ машғул аст, дар рушди илм ва таъмини сатҳи баланди таҳқиқоти илмӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир дорад. Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ҷиддӣ дар роҳи таъмини истиқлоли илмии кишвар маҳсуб меёбад. Фаъолияти босамари ин ниҳод имкон фароҳам овард, ки дар самти тарбияи кадрҳои илмӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шавем”.
Зикр шуд, ки бо таваҷҷуҳ ба тағйироти рӯзафзуни ҷаҳон ва ниёзҳои ҷомеа, зарурати таҷдиди назар ва ворид намудани талаботу меъёрҳои илмӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ дар низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ ба миён омадааст, зеро ҷорӣ намудани талаботи илмӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо меъёрҳои байналмилалӣ аҳаммияти хоса доранд.
Қайд намуданд, ки Комиссияи олии аттестатсионӣ дар самти таҳкими заминаҳои илмӣ, омода намудани мутахассисони илмӣ иқдому ташаббусҳои муфидро роҳандозӣ намуда, корҳои муайянро ба сомон расонидааст. Алҳол дар кишварамон беш аз 6 ҳазор нафар дорои дараҷаҳои илмӣ дар соҳаҳои гунонун фаъолият доранд, ки дар рушди илму тарбияи кадрҳои илмӣ садоқатмандона меҳнат мекунанд.
Ҳамзамон, дар идома Акмалзода Нодир Носир - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, вобаста ба мавзуи мазкур бо таҳлилҳои асоснок тариқи рунамо ба ҳозирин маъруза карданд.
Дар баробари ин Анварзода Сунатулло - сардори раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Этикаи зеҳни сунъӣ ва нақши он дар илм” суханронӣ намуданд.
Баъдан дар музокира вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саизода Раҳим Ҳамро, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам тариқи маҷозӣ аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А Рудакӣ, донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев баромад намуда, фикру андешаи хешро дар самти баланд бардоштани илми тоҷик баён намуданд.
Дар охир чорибинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта ва гурӯҳи “Сипар”- и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тараннуми сурудҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.

