ТАВАҶҶУҲ!

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба иттилои муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ мерасонад, ки бо мақсади мутобиқсозии низоми миллии аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ ба меъёрҳои муосири байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи стандартҳои методологӣ ва услубии таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин, такмили ин раванд Таснифоти ихтисосҳои илмии доктори фалсафа (PhD) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи самтҳои илм барои дарёфти унвонҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба тасвиб расиданд.

Дар ин робита, дастур дода мешавад, ки ҷиҳати мутобиқ намудани рамз ва номи ихтисосҳои амалкунандаи шуроҳои диссертатсионӣ ба талаботи нави Таснифот ва Феҳрист, то 15 декабри соли ҷорӣ дархостҳо ва лоиҳаи шиносномаҳои ихтисосҳои илмии дахлдор ба Комиссияи олии аттестатсионӣ манзур гарданд. Дар сурати то 15 декабр пешниҳод нагардидани дархостҳо, баррасии онҳо дар шуроҳои экспертии самтҳои дахлдор ғайриимкон мегардад.

Таъкид мегардад, ки шуруъ аз соли 2026 фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ дар асоси Таснифот ва Феҳристи нав ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон, дархостҳо барои дарёфти унвонҳои илмӣ низ аз оғози соли 2026 бояд мутобиқи Феҳристи самтҳои илм барои дарёфти унвонҳои илмӣ пешниҳод гарданд.

Санадҳои зикршуда дар Бюллетени №3 (35), соли 2025 ба нашр расида, барои истифодаи амалӣ пешниҳод шудаанд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org