Previous Next

ТАКМИЛИ НИЗОМИ АТТЕСТАТСИЯИ КОРМАНДОНИ ИЛМӢ

Тибқи дастури раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми декабри соли равон дар толорҳои Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи  давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинар-машварати илмӣ таҳти унвони “Низоми аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” бо иштироки  Маъруфӣ Расул – саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Бахтиёр – мудири шуъбаи коргузорӣ ва назорат, Мастонаи Сайдализод – мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Шоҳмуродова Зарина – мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, бойторӣ ва аграрӣ, Ҷаъфарӣ Амиршо – сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ ва намояндагони самти корҳои илмии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии воқеъ дар вилояти Хатлон, аз ҷумла муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия, раисон ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ, котибони шуроҳои олимон, мудирони шуъбаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, сармуҳаррирони маҷаллаҳои илмии тақризшаванда  баргузор гардид.

Сараввал, Маъруфӣ Расул – саркотиби илмии Комиссия вобаста ба аттестатсияи кормандони илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баромад намуда, масъалаи фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва маҷаллаҳои тақризшавандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақаҳои  вилоятро  мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд намуданд, ки низоми аттестатсионии кормандони илмӣ бояд ба таври ҷиддӣ, шаффоф ва беғаразона амалӣ  карда шавад ва ҷиҳати баланд бардоштани илми тоҷик бояд ҳамаи мо саҳмгузор бошем.

Баъдан, ҳисоботҳои раисони шуроҳои диссертасионии 6D.KOA-088-и назди Донишгоҳи давлатии Данғара, 6D.KOA-48, 6D.KOA-061, 6D.KOA-082 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва 6D.KOA-083 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон оид ба фаъолияти шуроҳои мазкур дар соли 2025 шунида шуд.

Қайд карданд, ки аз ҷониби раисон, котибон ва аъзои шуроҳои диссертасионӣ дар баррасии парвандаҳои довталабон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Аз ҷумла вобаста ба масъалаи мазмуну мундариҷаи диссертатсияҳо, пешгирии хатогиҳои имлоӣ, маъноӣ ва техникӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад ва тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаҳои пешбар ва роҳбарони илмии унвонҷӯён тибқи талаботи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тартиб дода мешаванд.

Сипас, Ҷаъфарӣ Амиршо – сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ вобаста ба бозбинӣ ва  такмили  санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, тартиби умумии таҳияи низомномаи дараҷа ва унвони илмӣ, тафсир ва  мураттабсозии онҳо андешаронӣ намуданд.

Дар охир миёни иштирокдорони семинар – машварати илмӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ ба саволҳои иштирокчиён посуху ҷавобҳои қонеъкунанда  доданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org