Previous Next

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МАШВАРАТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи  9 - уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби  кормандони Комиссия ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо  иштироки муовинони ректор оид ба илм, котибони шуроҳои олимони муассиса, масъулони омодакунии кадрҳои илмӣ, котибон ва аъзоёни шуроҳои диссертатсионӣ, масъулини маҷаллаи илмии “Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ воқеъ дар шаҳри Кӯлоб семинари илмӣ-машваратӣ таҳти унвони «Такмили низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар шаклгирии илми тоҷик» баргузор гардид.

Семинари мазкурро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Шодмон Камолзода оғоз намуда, аҳли толорро бо мазмуну мундариҷаи рӯзномаи чорабинӣ шинос намуд. Мавсуф зикр дошт, ки ҳадафи семинар ин таҳким бахшидан ба низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ, баррасии самтҳои афзалиятнок, натиҷаҳои бадастомада, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ислоҳи онҳо буда, такмили механизмҳои аттестатсия омили муҳимми рушди илм, баланд бардоштани сатҳи масъулият ва самараноки шуроҳои диссертатионӣ ба шумор меравад. Ӯ афзуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва рақобати илмӣ нақши сохторҳои масъул, аз ҷумла фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули таҷриба, такмили рисолаҳо ва равандҳои ҳимояи илмии онҳо аҳамияти стратегӣ дорад.

Баъдан, тибқи барномаи семинар Розиқзода Алихон - сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Нақши қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки зарурати баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳаи илм, шаффофияти ҷараёни аттестатсия, пешгирии омилҳои манфиатдорӣ дар раванди ҳимояи рисолаҳо ва таҳкими назорати дохилиидоравӣ муҳим мебошад.

Дар чорабинӣ  ҳисоботи фаъолияти шурои диссертатсионии 6D.KOA - 002  дар соли 2025, тартиби гузаронидани ҳимояҳо дар он, самтҳои афзалияноки илмӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб шунида шуд.

Пас аз он, сармутахассиси шуъбаи илмҳои  ҷамъиятии Комиссия-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холмуродзода Фазлиддин дар мавзуи «Низоми аттестатсияи кормандони илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» тариқи рӯнамо баромад намуда,  таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масъалаҳои ташкили шуроҳои диссертатсионӣ, ҷараёни қабул ва таҳқиқи рисолаҳои илмӣ, талаботи методологӣ, меъёрҳои илмию услубии рисола, равандҳои бақайдгирӣ ва баррасии унвонҳои илмӣ ҷалб намуданд.

Зикр шуд, ки ворид намудани меъёрҳои нав вобаста ба мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, рақамигардонӣ ва автоматикунонии ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти илмӣ, риоя ва истифодаи меъёрҳои адабии забони тоҷикӣ яке аз самтҳои муҳим ва асосӣ маҳсуб ёфта, дар рушд ва ташаккули илми ватанӣ замина мегузоранд.

 Дар идома Дурандеш Шарифзода  - мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия вобаста ба мавзуи “Маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ва дигар масъалаҳои мубрами самти илмӣ”  суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки мақолаҳои илмӣ бояд ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ, риояи қоидаҳои истинод, саҳеҳии маълумот ва равшании натиҷаҳо мутобиқ бошанд. Ҳамзамон афзуданд,  ки ҳангоми таҳияи мақолаҳои илмӣ муаллифони мақолаҳоро зарур аст, ки ба сифати илмии мақолаҳо, интишор намудани он бо забонҳои хориҷӣ (русб ва англисӣ) роҳ надодан ба хатоҳои китобатӣ ва услубӣ ва истифодаи манбаъҳои боэътимоди илмӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ карда шаванд.

Инчунин, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус  Шоназаров Алиҷон доир ба  фаъолияти Комиссия  дар давраи соли 2025 суханронӣ намуда,  аз ҷумла оид ба дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   нисбат ба рушди соҳаи илм, кормандони соҳаи мазкур, дастовардҳои Комиссияи олии аттетатсионӣ дар ин давра ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа ибрози ақида намуданд.

Ҳамчунин, сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ – Исматуллозода Саврӣ тавассути андешарониҳои худ оид ба самтҳои марбут ба низоми аттестатсия, ҳимояи рисолаҳо, бақайдгирии корҳои илмӣ ва ҳамоҳангсозии равандҳои ҳуҷҷатгузории илмӣ фикру андешаҳои худро иброз намуд.

Дар бахши музокирот аҳли толор ва кормандони дорои дараҷаҳои илмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон оид ба тартиби гирифтани унвонҳои илмӣ, рамзи ихтисосҳо, шеваи баргузории ҷаласаҳои шурои диссертатсионӣ, таҳрири рисолаҳо, равиши пешниҳод намудани мақолаҳои илмӣ, истифодаи захираҳои рақамӣ ва нозукиҳои баҳодиҳӣ ибрози ақида намуда, дар толор мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳо вобаста ба роҳҳои татбиқи механизмҳои нав дар фазои илмӣ сурат гирифта,  ба саволҳои иштирокчиён аз ҷониби намояндагони Комиссия посухҳои илмӣ ва асоснок дода шуд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org