Оид ба санҷиши асолати матни диссертатсия ва ё автореферати он пеш аз ҳимоя

Ба таваҷҷуҳи довталабони дараҷаҳои илмӣ расонида мешавад, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми декабри соли 2025 санҷиши асолати матни диссертатсия ва ё автореферати он пеш аз ҳимоя тариқи почтаи электронии масъулини шурои диссертатсионии дахлдор ва ё муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст ба роҳ монда мешавад.

Иқдоми мазкур бо сабаби назорати раванди мазкур аз ҷониби муассисаҳо ва баланд бардоштани масъулият зимни ирсол ва қабули ҳуҷҷатҳо ба роҳ монда шудааст.

Такроран қайд менамоем, ки барои санҷиш нусхаи электронии диссертатсия ва ё автореферати он, рӯйхати интишороти довталаб, маълумотнома аз ҷои кори асосӣ ва нусхаи расиди пардохти ҳаққи хизматрасонӣ (ниг. ба нархномаи хизматрасониҳои давлатии пулакии КОА) ба почтаи электронии КОА Diese E-Mail-Adresse ist vor Spambots geschützt! Zur Anzeige muss JavaScript eingeschaltet sein! пешниҳод карда мешавад.  

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org