Ба таваҷҷуҳи муҳаққиқон, довталабони дараҷаҳои илмӣ ва кормандони илмӣ расонида мешавад, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба манбаъҳои илмӣ ва ташаккули муҳити созандаи тадқиқотӣ китобхонаи электронии диссертатсияҳои ҳимояшуда ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа таъсис ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Китобхонаи мазкур дорои нусхаҳои электронии диссертатсияҳои ҳимояшуда буда, ба муҳаққиқон ва довталабони дараҷаи илмӣ имконият фароҳам меорад, то маводи зарурии таҳқиқотиро ба таври қулай, фаврӣ ва бо сифати баланд дастрас ва истифода намоянд.
Дастрасӣ ба китобхонаи электронӣ тавассути пайванди зерин имконпазир аст: https://vak.tj/elibrary/

