Previous Next

Семинари машваратӣ оид ба такмили низоми аттестатсияи кормандони илмӣ дар вилояти Суғд

13 декабри соли 2025 дар толори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ таҳти унвони «Такмили низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар шаклгирии илми тоҷик» баргузор шуд.

Дар кори семинар раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, муовинон ва кормандони КОА, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд, муовинони онҳо, раисон ва аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, котибони илмӣ, деканҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ бахшида, аз нақши калидии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Комиссияи олии аттестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илми тоҷик, инчунин аз ҳадафҳои баргузории семинари машваратӣ ёдовар шуд.

Тибқи барнома, нахуст Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо маърузаи «Низоми аттестатсияи кормандони илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» баромад намуда, доир ба рушди низоми аттестатсия, афзоиши шумораи кормандони илмӣ дар солҳои 2017–2025 ва натиҷаҳои ҳимояи диссертатсияҳо аз рӯйи самтҳои гуногуни илмӣ маълумот пешниҳод кард. Зикр гардид, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 85 шурои диссертатсионӣ фаъолият дошта, 30-тои он давоми ду соли охир таъсис ёфтаанд. Аз ин шумора 17 шуро нодир ва 17 шуро дар минтақаҳо амал мекунанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар 9 шурои диссертатсионии ҳудуди вилояти Суғд дар соли 2025 (то 1 ноябр) 62 ҳимояи рисолаи докториву номзадӣ баргузор гардидааст.

Раиси Комиссия ҳамчунин ба масъалаи таркиби синнусолии кормандони илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки аз 6630 корманди илмии кишвар синни миёна 48 солро ташкил медиҳад: докторони илм - 64 сола, номзадони илм - 50 сола ва докторони PhD - 31 сола мебошанд. Дар идома, перомуни як қатор мушкилоти соҳа, аз ҷумла ҳимояи рисолаҳо бо забонҳои русиву англисӣ, нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нақшаҳои минбаъдаи Комиссия андешаронӣ намуд.

Дар идомаи семинар ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар густариш ва таҳкими пояҳои илми тоҷик», ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муминзода Шероз Абдуҷаббор дар мавзуи «Заминаҳои ҳуқуқии ташаккули илми тоҷик дар замони муосир» ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия дар соҳаи маориф ва илм» маъруза намуданд.

Дар маърузаҳо таъкид гардид, ки ҳаёти муосирро бе илм ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст ва имрӯз илму техника ба омили асосии пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст. Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат барои рушди илм, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии ҷавонон, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва пешгирии коррупсия дар соҳаҳои маориф ва илм шароити мусоид фароҳам оварда шуда, аз олимон ва донишмандон масъулияти баланд, фаъолияти самаранок ва саҳми бештар дар рушди илми миллиро талаб менамояд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ иштирокчиён барои ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионӣ изҳори сипос намуда, таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми аттестатсия баён карданд.

Семинари машваратӣ бо супоридани дипломҳои докторӣ, номзадӣ ва шаҳодатномаҳои дотсентӣ ба анҷом расид.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org