Previous Next

ИШТИРОКИ РАИСИ КОМИССИЯ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ АҲОЛӢ»

5 марти соли равон дар толори Муассисаи давлатии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи муштараки ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақши соҳаи маориф ва илм дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ – зиддикоррупсионии аҳолӣ» баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сайфиддин Давлатзода, директори маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовинони вазири маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кормандони соҳаи маориф ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Конференсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, директори маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сайфиддин Давлатзода, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода суханронӣ намуданд.

Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода иброз дошт, ки Комиссия фаъолияти худро дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникӣ тахассуси олӣ дар доираи талаботи қонунгузории амалкунандаи мамлакат ва муқовимат бо коррупсия амалӣ менамояд. Қайд гардид, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ буда, решакан намудани ин амали номатлуб аз ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаи маориф баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар Комиссия вобаста ба иҷрои санадҳои меъёриву ҳуқуқии самти мазкур барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2024 - 2025 таҳия гардидааст, ки фарогири тамоми ҷанбаҳои масоили зиддикоррупсионӣ мебошад. Барнома барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ дар Комиссия мусоидат менамояд.

Айни замон дар назди Комиссия 15 Шурои экспертӣ  амал мекунад,  ки  дар баҳогузории  воқеъбинона, шаффофияти таҳлили парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда нақши муҳим доранд.

Дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 74 шуроҳои диссертатсионӣ таъсис дода шудаанд, ки аз рӯйи 180 ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос қабул ва баррасӣ менамоянд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар баробари шуроҳои диссертатсионии миллӣ 19 шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз рӯйи 46 ихтисос фаъолият карда истодааст.

Ҳадаф аз баргузории конференсияи муштарак боло бурдани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф, кормандони илмӣ, хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ ва сокинони ҷумҳурӣ буда, соҳаи маориф дар ин росто нақши муҳимро дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ – зиддикоррупсионии аҳолӣ ба уҳда дорад.

Конференсияи мазкур бо мақсади иҷрои банди 16 протоколи №1 маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигари соҳаҳои илму маорифи кишвар ҷиҳати баланд бардоштани фаҳмиши ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон доир гардид.

Қобили зикр аст, ки дар конференсия мудирони шуъбаҳои Комиссия ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, таассуроти маърифативу ҳуқуқӣ гирифтанд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org