ТАҲЛИЛ: НАТИҶАИ МОНИТОРИНГИ НАШРИ МАВОДҲОИ ИЛМӢ

Нашри маводи илмӣ яке аз талаботҳои асосии дарёфти дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ба довталабон зарур аст, ки зимни нашри маводҳои илмии худ (махсусан дар хориҷи кишвар) фирефтаи тоҷирони илмӣ нашаванд. Вақтҳои охир шумораи маҷаллаҳои илмие, ки дар муддати кутоҳ мақоларо нашр мекунанд, афзудааст.

Исботи гуфтаҳои болоро бо нишон додани омори ШИИР (Шохиси илмии иқтибосоварии Россия - РИНЦ) тасдиқ менамоем. Тибқи он аз соли 2020 то 2025 (аввали декабр) ҳамагӣ 203 маҷмуи мақолаҳо ба сабаби риоя накардани талаботҳои ин пойгоҳи илмӣ ба мисли нашри мақола бе тақриз, қабули мақола берун аз самтҳои муайяншудаи маҷалла ва мушаххас набудани даврияти чопи маҷалла, аз рӯйхат бароварда шудаанд. Тавре дида мешавад, ин раванд дар 5 соли охир рӯ ба афзоиш овардааст (Расми 1).

Расми 1. Омори маҷмуи мақолаҳое, ки аз рӯйхати ШИИР хориҷ шудаанд

Қисмати дигар, ин нашри маводҳои конференсия ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт низ мушкилоти соҳавӣ зиёд аст. Тибқи омори  ШИИР аз соли 2020 то 2025 (аввали декабр) ҳамагӣ 16490 маҷмуи мақолаҳои конференсия бо риоя накардани талаботҳои ҷорӣ аз рӯйхат бароварда шудаанд. Агар соли 2020 ҳамагӣ 2682 маҷмуи мақолаҳои конференсия аз рӯйхат хориҷ шуда бошад, ин шумора соли 2024 ба 3122 (440 зиёдтар) баробар гардид. Аз он ҷумла, дар маводи Конференсияи V байналмилалии илмию амалӣ, Алмато, Қазоқистон (Илм ва технология), 10–26 сентябри соли 2022 /Фонди ҷамъиятии «Маркази байналмилалии тадқиқотии "Endless Light in Science"»  ҳамагӣ 22 мақола нашр шудааст, аз ин шумора 14 мақола (63,6%) аз муҳаққиқони ҷумҳурӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки дар сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои иштирок дар конференсияҳои ин Марказ даъватнома соли 2023 нашр шудааст.

Расми 2. Омори маҷмуи мақолаҳои конференсияе, ки аз рӯйхати ШИИР хориҷ шудаанд

Инчунин, дар маҷмуи фишурдаи мақолаҳои конференсия низ норасоиҳо ба назар мерасанд. Тибқи омори  ШИИР аз соли 2020 то 2025 (аввали декабр) 46 маҷмуи фишурдаи мақолаҳои конференсия бо сабабҳои дар боло зикршуда, аз рӯйхат бароварда шудаанд.

Расми 3. Омори маҷмуи фишурдаи мақолаҳои конференсияе, ки аз рӯйхати ШИИР хориҷ шудаанд

Дар асоси таҳлилҳои боло ба муҳаққиқон тавсия дода мешавад, ки зимни нашри маводи илмӣ ба талаботҳои зерин таваҷҷуҳ дошта бошанд. Чунки аз рӯйи амалҳои зерин нашриёҳои ба сохтакорӣ машғул бударо муайян намудан мумкин аст:

  • Нашри мақола бе тақризи илмӣ
  • Нашри мақола берун аз самти илмие, ки маҷалла мақола нашр менамояд
  • Набудани даврияти муайяни нашри шумораҳо
  • Қабули фаврии мақолаҳо барои нашр (аз ҷумла, мақолаҳои беҳадаф)
  • Талаби пардохти маблағ пас аз қабули дастнавис
  • Нишон додани импакт-фактори бардурӯғ ё мавҷуд набудани он
  • Мунтазам ирсол намудани мактубҳои электронӣ бо пешниҳоди нашри мақола
  • Нишон надодани суроғаи воқеии нашриёт
  • Нашри маводди конференсияҳои ғоибона
  • Тағйирёбии доимии ҳаҷми шумораҳои маҷалла тавассути зиёд кардани муҳтаво ё нашри шумораҳои иловагӣ
  • Иқтибосоварии бемавриди адабиёт ё мақолаҳои илмӣ

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org