Previous Next

Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар

Дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона ба ифтихори Рӯзи Модар доир гардид. Дар ҷаласа ходимони давлатӣ Мӯсоева Рафиқа Ғаниевна – вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, собиқадори меҳнат, номзади илмҳои техникӣ, Марҳабо Ҷабборӣ – собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор ва Шерова Ситора Маноновна – собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ муовини раиси вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Дар оғоз раиси Комиссия Сайфиддин Давлатзода меҳмонон, бонувони дар муассиса фаъолиятдошта ва кулли модарони мамлакатро ба ифтихори ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати кишвар нисбат ба занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад. Паёмҳои ҳамасолаи шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар саршор аз эҳтиром, арҷгузорӣ, самимияту садоқат, меҳру муҳаббат ва як ҷаҳон хушҳоливу шодмонӣ нисбат ба зан-модар мебошад.

Суханронии пурмеҳри ходимони барҷастаи сиёсиву ҷамъиятӣ Мӯсоева Р.Ғ., Ҷабборӣ М. ва Шеров С.М. ба ҷаласа маъниву мақоми хоса бахшид. Гуфта шуд, ки дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон саҳми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста ва бағоят бузург маънидод мегардад. Бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медоранд. Ҷавҳари Рӯзи Модарро дар кишвари мо муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба ин олиҳаи меҳр – офарандаи ҳаёт, ки сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерӯбахши рӯҳу ҷон, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, сидқу сафо, муҳаббати беинтиҳо, такягоҳу дардошно, пайвандгари наслҳо ва идомабахши насли инсон мебошад, ташкил мекунад.

Ба таъкиди раиси Комиссия, мо худро зодагони модари боиффату соҳибмаърифати тоҷик ва намояндагони яке аз миллатҳои куҳанбунёду тамаддунсози дунё меҳисобем. Мардуми тоҷик ва ҳам аҳли башар ба Модар – ҳастии беҳамто арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш сари таъзим фуруд меоранд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ҳамин аст, ки дар арафаи ин санаи фархунда бо ташаббуси Раёсати Комиссия 142 нафар занон сазовори дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ гардиданд.

Итминон карда шуд, ки модарону занони муҳтарам минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари меҳан ва таҳкими оила ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд ва ҷашни бузурги миллӣ – сиюпанҷсолагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор пешвоз мегиранд.

...Агар Ҳофиз ту медидӣ ҷамоли духтари тоҷик,
Барояш ҳадя мекардӣ тамоми рӯи дунёро.

Ҷамоли духтари тоҷик яқинан, ки Худодод аст,
Ва ман баҳраш бубахшоям ҳама гулҳои раъноро...

                                                         Лоиқ Шералӣ

  

Аз номи Раёсат ва кулли кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувони азизро бо фарорасии фасли зеботарини сол – Баҳори оламафрӯз ва Рӯзи Модар шодбош мегӯем. Барояшон саломатӣ ва дар пешбурди корҳои таҳқиқотӣ таъсиси мактабҳои миллии илмиро орзумандем.

Идатон муборак, модарону хоҳарони азиз!

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org