Санаи 7-уми марти соли 2024 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки занони маърифатпарваре, ки барои гирифтани унвонҳои илмӣ парванда пешниҳод намуда буданд, баргузор гардид. Дар ибтидо раиси Комиссия Давлатзода С.Х. перомуни нақши занон дар баланд бардоштани илму маърифати кишвар андешаронӣ намуда, қайд доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд: “Илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҳар як ҷомеа маҳсуб меёбанд”. Ба иштирокчиёни чорабинӣ, ки дар шукуҳи тантанавӣ ва иқболу фараҳ ба як нафар шаҳодатномаи профессорӣ ва ба 26 нафар шаҳодатномаи дотсентӣ супорида шуд. Супоридани шаҳодатнома ва дипломҳо ба довталабони сазоворгашати унвон ва дараҷаи илмӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони Комиссия идома дорад.