Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба гурӯҳе аз заноне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул ҳастанд, шаҳодатномаҳои унвони илмӣ тақдим гардид.
Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳои унвони илмӣ муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Шарифзода ва ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода иштирок намуданд.
Таъкид карда шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, онҳо дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, махсусан соҳаи илму маориф ва анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Роҳбарияти Комиссия тақдими шаҳодатномаҳои унвони илмиро ба муносибати Рӯзи Модар нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба занону бонувон ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ маънидод мегардад.
Дар вазъияти тантанавӣ ба занону бонувони муассисаҳои таҳсилоти касбии олии вилояти Суғд шаҳодатномаҳои унвони илмӣ тақдим карда шуд.
Занон-омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳо аз ин иқдоми хуби роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳол гардида, ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос намуданд.
Зимнан, имрӯз дар маҷлисгоҳи Комиссия ба 27 нафар занони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе, ки барои гирифтани унвонҳои илмӣ парванда пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи унвони илмӣ тақдим гардид.
Тақдими шаҳодатномаҳои дараҷа ва унвонҳои илмӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони Комиссия давом дорад.