Таҳлили импакт-фактори маҷаллаҳои тақризшавандаи Тоҷикистон (самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ)

Айни замон дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 маҷаллаи илмӣ ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Тоҷикистон шомил гардидаанд. Аз ин шумора, 16 (23,9%) ба самти илмҳои  табиӣ-математикӣ ва техникӣ рост меоянд, ки 3 маҷалла аз хориҷи кишвар мебошанд. Тасмим гирифтем оид ба импакт-фактори маҷаллаҳои тақризшавандаи Тоҷикистон дар самти илмҳои  табиӣ-математикӣ ва техникӣ дар солҳои 2020-2024 таҳлили мушаххас анҷом диҳем.  

Таҳлили импакт-фактори маҷаллаҳои илмӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳим барои баҳо додани самаранокии фаъолияти онҳо мебошад. Таҳлили мазкур дар асоси маълумоти ШИИР (Шохиси илмии иқтибосоварии Россия - РИНЦ) таҳия шудааст. Дар таҳлил ҳисоби импакт-фактори дусолаи ШИИР истифода гардидааст. Яъне, он аз рӯйи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад.

Импакт-фактори соли N=Шумораи иқтибосҳо дар соли N ба мақолаҳои дар солҳои N-1 ва N-2 нашршуда / Шумораи мақолаҳои нашршуда дар солҳои N-1 ва N-2

*Дар таҳлили мо N=2020, 2021, 2022, 2023, 2024 мебошад.

Масалан: Импакт-фактори соли 2024-ро ҳисоб менамоем.

  1. Маҷалла дар 2 соли охир (солҳои 2022 ва 2023) ҳамагӣ 200 мақола нашр намудааст
  2. Соли 2024 аз ин 200 мақола ҳамагӣ 10 иқтибос оварда шудааст
  3. Импакт-фактори маҷалла дар соли 2024 ба 10/200=0,05 баробар мешавад.

Бояд қайд намуд, ки таҳлил танҳо байни маҷаллаҳои ватанӣ гузаронида шудааст. Аз 13 маҷаллаи тақризшавандаи ватанӣ, 6 маҷалла бо сабаби нокифоя будани маълумоти импакт-фактор дар 5 соли охир дар таҳлил илова карда нашуданд (Ҷадвали 1).

Бо мақсади дар шакли графикӣ нишон додани мақоми маҷаллаҳо бо онҳо гурӯҳбандӣ карда шуданд (дар асоси импакт-фактори калон аз 0,05 ва хурд аз 0,05 дар соли 2024). Дар асоси маълумоти пешниҳодшуда, импакт-фактори маҷаллаи Паёми политехникӣ (Бахши интеллект, иноватсия, инвеститсия) дар соли 2024 аз дигар маҷаллаҳо баландтар ба шумор меравад (Расми 1).

 

Дар соли 2024 импакт-фактори камтар дар байни маҷаллаҳои самти илмҳои  табиӣ-математикӣ ва техникӣ маҷаллаи Ахбори АМИТ (Самти илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ) ба ҳисоб меравад. (Расми 2).

 

Ҳамчунин таҳлили муқоисавии маҷаллаҳои мазкур дар соли 2020 ва 2024 нишон дод, ки дар 4 маҷалла афзоиши импакт-фактори маҷалла нисбат ба соли 2020 ба назар мерасад (Ҷадвали 2).

Дар асоси таҳлилҳои овардашуда, барои баланд бардоштани импакт-фактори маҷаллаҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ ва назаррас гардидани мавқеи онҳо дар арсаи байналмиллалӣ, омилҳои асосиро метавон ба гурӯҳҳои зерин тақсим намуд.

  • Нашри мақолаҳои арзишманд, ки боиси иқтибосоварӣ аз ҷониби муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишвар мегардад
  • Ворид намудани маҷалла ба шохис ва пойгоҳҳои илмии байналмиллалӣ
  • Такмили сомонаҳои маҷаллаҳо ва нашри маълумот бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)
  • Мониторинги пайвастаи маводҳои нашршуда дар маҷалла
  • Тақризи холисона ва назари муқарриз
  • Ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар байни маҷаллаҳои илмӣ
  • Қабули мақолаҳо вобаста ба самтҳои дахлдори маҷалла

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org