Previous Next

Паёми табрикотии Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Давлатзода бахшида ба Соли нави мелодӣ

         Ҳамкорон, муҳаққиқон, донишмандон ва дӯстони азиз,

       Фарорасии Соли нави мелодии 2026-ро барои шумо ва ҳамаи онҳое, ки ҳамеша бо мо дар пешбурди низоми аттестатсия дар тамосанд, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, умри дарози бобаракат ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи илми миллӣ иқболи баланд таманно дорам.

      Соли сипаригардида бо тамоми бурду бохташ дар саҳифаҳои таърих боқӣ мемонад. Он барои мо таҷрибаи гаронбаҳо бахшид, моро устувортар, боиродатар ва масъулиятшиностар гардонд. Ҳар як дастовард, ҳар як қадам ба пеш самараи заҳмат, сабр ва ҳамдигарфаҳмии мо буд. Дар баробари ин, мушкилоте низ буданд, ки моро водор сохтанд ба арзишҳои инсониву маънавӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ бештар таваҷҷуҳ намоем.

      Соли нав рамзи навсозӣ, покӣ ва оғози тоза аст. Он моро ба некбинӣ, ба эътимод ба неруи худ ва ба талоши пайваста барои расидан ба ҳадафҳои бузург даъват менамояд. Ин фурсатест, ки ҳар як шахс метавонад зиндагии худро аз нав баррасӣ карда, роҳи дурусти рушду камолро интихоб намояд.

      Бо фаро расидани Соли нави мелодӣ, мехоҳам ба ҳар як корманди Комиссияи олии аттестатсионӣ саломатии бардавом, рӯзгори обод, хотири ҷамъ ва саодати рӯзгор таманно намоям. Бигзор соли нав соли сулҳу оромӣ, ваҳдату якдилӣ ва пешрафту шукуфоӣ гардад. Орзу дорем, ки дар ин соли нав некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар шуда, фазои меҳру муҳаббат ва эҳтироми мутақобил дар ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам таҳким ёбад.

      Дар шароити ҷаҳонишавӣ, нигоҳдории фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Соли нав бояд барои мо фурсати эҳё ва муаррифии арзишҳои миллӣ ба ҷаҳониён гардад. Эҳтиром ба таърих, пос доштани мероси фарҳангӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

      Бигзор Соли нави мелодӣ бо қадамҳои мубораку хуҷаста вориди ҳаёти илмию эҷодии мо гардад, сулҳу оромӣ, суботи иҷтимоӣ ва пешрафти устуворро ҳамсафари ҳамешагии мо созад. Орзу дорем, ки ин соли нав саҳифаи тозае дар китоби зиндагии ҳар як инсон бошад, саҳифае, ки бо амалҳои нек, ниятҳои созанда ва дастовардҳои шоиста пур мегардад.

      Бори дигар ҳамаи шуморо бо фаро расидани Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда, бароятон тандурустии комил, рӯзгори обод, муваффақият дар кору зиндагӣ ва амалӣ шудани орзуву ниятҳои некро таманно менамоям. Бигзор соли нав барои ҳар яки мо соли умед, созандагӣ ва дастовардҳои нав гардад.

    Соли нави мелодӣ муборак, ҳамкорони азиз!

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org