16-уми январи соли 2026 дар Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил, муовини раиси Комиссия Шарифзода М.М., саркотиби илмӣ, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва кормандони муассиса иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Давлатзода ифтитоҳ намуда, бо таҳлилҳои мушаххас ва бодалел самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими институти оила, пешгирии зуҳуроти номатлуб аз қабили гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълими ғайриқонунии динӣ, пазируфтани фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкориро шарҳу тавзеҳ дод.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Паём ҳамчун санади стратегии давлатӣ самтҳои асосии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаро барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар суханронии хеш дар мавзуи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илм ва маориф» бо такя ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлилҳои илмию амалии соҳа ибрози андеша намуд. Мавсуф таъкид кард, ки дар Паёми Пешвои миллат рушди маориф ва илм ҳамчун омили калидии пешрафти устувори кишвар арзёбӣ гардида, сиёсати давлатӣ дар ин самт ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии он ба талаботи бозори меҳнат, тақвияти неруи зеҳнӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир равона шудааст.
Ҳамзамон, зимни баромад масъалаҳои рақамикунонии соҳаи маориф, рушди илмҳои муосир ва инноватсионӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон ва муҳаққиқон, тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот ва тарбияи насли худшиносу ватандӯст ҳамчун вазифаҳои муҳимми марҳилаи нави рушди кишвар арзёбӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки иҷрои босамари ин ҳадафҳо ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.
Қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола аз ҷониби мардуми кишвар бо руҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ истиқбол гардида, имрӯз ҳамчун барномаи амал ва сармашқи фаъолияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст хизмат менамояд.
Дар идомаи ҷамъомад сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Алиҷон Шоназаров вобаста ба муаррифии “Дастурамал барои ниҳодҳои кор бо ҷомеа ва гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025” маъруза намуд.
Котиби созмони ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Комиссияи олии аттестатсионӣ -«Ҳикмат» Фазлиддин Холмуродзода вобаста ба корҳои анҷомдода дар соли гузашта ва нақшаҳои оянда дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, муовини раиси комиссия М. Шарифзода, кормандони комиссия М.Каримзода, А.Ҷаъфарӣ баромад намуда, доир ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои паём андешаҳои хешро иброз намуданд.
Дар охир раиси Комиссия С.Давлатзода ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паём таъкид гардидаанд, пешниҳодҳои мушаххас ироа намуда, аҳамияти Паёмро ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо дар рушди минбаъдаи ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафти соҳаҳои илм ва маориф бори дигар таъкид намуд.

