Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки тибқи талаботи ҷорӣ шумораи №4-и маҷаллаи илмӣ барои соли 2025 мебоист то анҷоми соли тақвимии 2025 дар сомонаи расмии худи маҷалла ва дар сомонаи eLIBRARY ҷойгир карда мешуд.
Таҳлили иҷрои талаботи мазкур нишон дод, ки на ҳамаи маҷаллаҳои илмӣ ин талаботро ба таври дахлдор иҷро намудаанд. Аз ҷумла, то ба имрӯз аз 65 маҷаллаи илмии ватании ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ шомилгардида, 35 маҷалла дар сомонаи eLIBRARY ва аз ин теъдод 23 маҷаллаи дигар дар сомонаи расмии худ шумораи №4-и соли 2025-ро ҷойгир накардаанд.
Ҳолати мазкур ба нашри маводди илмӣ бе экспертизаи дахлдор оварда мерасонад, ки ба нуфузи маҷаллаи илмӣ созгор нест.
Бо назардошти ҳолати баамаломада, ба масъулини маҷаллаҳои илмии тақризшаванда дастур дода мешавад, ки то санаи 24 январи соли 2026 шумораи №4-и соли 2025-и маҷаллаи худро дар сомонаи расмии худ ва сипас, дар сомонаи eLIBRARY ба таври пурра ва мутобиқ ба талаботи муқарраршуда ҷойгир намоянд. Ҳангоми дар муҳлати муайянгардида иҷро нагардидани талаботи мазкур, маҷаллаи илмӣ аз Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ хориҷ карда мешавад.

