23-уми январи соли равон дар Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки саркотиби илмии Комиссия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад, директори Маркази “Заковат” доктори илмҳои психологӣ, Ҳусайн Зайтметов мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва кормандони муассиса хониши идоравӣ доир гардид.
Зимни суханронӣ Ҳусайн Зайтметов дар мавзуи «Психологияи хизматӣ» маъруза намуда, ҷанбаҳои муҳими равонӣ дар фаъолияти хизматии кормандони давлатӣ, фарҳанги муошират, идоракунии стресс, масъулияти касбӣ ва такмили малакаҳои шахсиятиро мавриди таҳлил қарор дод.
Номбурда таъкид кард, ки риояи меъёрҳои психологияи хизматӣ дар баланд бардоштани самаранокии фаъолият, таҳкими муносибатҳои корӣ ва таъмини муҳити солими равонӣ нақши калидӣ мебозад. Дар ҷараёни хониш миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои марбут ба татбиқи амалии донишҳои равонӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи хизматӣ посухҳои муфассал дода шуд.
Чорабинӣ дар руҳияи касбӣ ва созанда баргузор гардида, барои боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва равонии кормандон аҳамияти муҳим арзёбӣ гардид.
Дар охир саркотиби илмии КОА, Расул Маъруфӣ ба меҳмони ҷамъомад Ҳ. Зейтметов барои шарҳу тавзеҳи мавзуи барои кормандони КОА муҳиму зарурӣ изҳори ташаккур намуд.

