Санаи 26-уми январи соли равон дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир, муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодизода Парвиз Шодибой ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, ҷаласаи таъсиси шурои диссертатсионӣ баргузор шуд.
Ректори донишгоҳи мазкур, Бобоҷон Сатторзода зикр намуд, ки рушду ташаккули илми тоҷик аз масъалаҳои асосиест, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» соли 2022 “Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037”-ро қабул намуд. Бо назардошти ташаббуси мазкур, агар ба омӯзишу тадқиқи раванди амалинамоии стратегияи мазкур назар андозем, он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон пурра ба кишвари сабз табдил ёбад.
Сипас, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир доир ба таъсиси шурои диссертатсионӣ сухан ронда ёдовар шуд, яке самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллиро ташаккули иқтисодиёти сабз ташкил медиҳад, зеро иқтисоди “сабз” самтҳои муосири илми иқтисод ба ҳисоб рафта, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд.
Дар фароварди ҷамъомад ректори донишгоҳи зикршуда, Сатторзода Бобоҷон изҳор намуд, ки Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешбурди босамари сиёсати тадқиқотию илмӣ, инчунин, ба истеҳсолот равона намудани ғояҳои нави илмӣ-инноватсионӣ саҳми сазовор мегузорад. Ва дар идома аз дастгириҳои бевоситаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳама гуна ташаббусҳои илмие, ки ҷиҳати рушди иқтидорҳои иқтисодии мамлакат мусоидат менамоянд, дар болоравии истеҳсолоти ватанӣ саҳмгузор хоҳанд буд.

