28-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қувватзода Сайдулло Зувайд, мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия, саркотиби илмии Комиссия, аъзои Раёсати Комиссия, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, экспертӣ ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси Комиссия доир ба фаъолияти Комиссия ибрози андеша намуда, аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паёми навбатӣ зикр карда буданд, ёдовар шуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”.
Ҳамзамон, Раиси Комиссия ҷиҳати пешбарии соҳаи аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ, ташкили махзани ягонаи мавзуъҳои илмӣ, таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузӣ байналмилалӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, дархостҳо оид ба додани унвонҳои илмӣ, импакт-фактори маҷаллаҳои тақризшаванда, фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва экспертӣ, ҳимояи диссертатсияҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, мансабдорони давлатӣ ва дигар масоили марбут ба аттестатсия андешаронӣ намуданд.
Сипас, аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма Далер Абдулло – Садои мардум, Баҳромзода Манижа – Радиои Ховар, Меҳрофарин Наҷибӣ – Азия-Плюс ва дигар хабарнигорон саволҳои мубрам пешниҳод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби васоити ахбори омма ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ мустақиман низ пахш гардид.
Бахши иттилоот

