Таҳти ҳамин унвон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари байналмилалӣ доир гардид.
Сараввал, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Сайфиддин Давлатзода семинарро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, аз ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ба соҳаи илм ва маориф ёдовар шуд. Мавсуф иброз дошт, ки Комиссия ҳамчун ниҳоди марказии давлатӣ, ки ба танзим ва назорати низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ машғул аст, дар рушди илм ва таъмини сатҳи баланди таҳқиқоти илмӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир дорад.
Зикр шуд, ки бо таваҷҷуҳ ба тағйироти рӯзафзуни ҷаҳон ва ниёзҳои ҷомеа, зарурати таҷдиди назар ва ворид намудани талаботу меъёрҳои илмӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ дар низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ ба миён омадааст, зеро ҷорӣ намудани талаботи илмӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо меъёрҳои байналмилалӣ, ҳамзамон мутобиқсозии маҷаллаҳои илмии бо стандартҳои байналмилалӣ Scopus Web of Science аҳаммияти хоса доранд.
Сипас, Илолов Мамадшо Илолович, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Рушди илмҳои риёзӣ ва технологияи рақамӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, Жумагулова Алина Бакитжановна, директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг, номазади илмҳои ҳуқуқ, дар мавзуи “Баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ: тамоюл ва уфуқҳои нав”, Шарифзода Мумин Машокир, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор дар мавзуи “Таҳлили фаъолияти интишоротии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар идома Кенжина Инеш Ергазиевна, намояндаи расмии ширкати Clarivate дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, доктори фалсафа (PhD), дотсент дар мавзуи “Маҷаллаҳои илмӣ дар Web of Science. Усулҳои амалӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ”, Яновская Олга Алексеевна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мушовири Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг дар мавзуи “Таъсири стандартҳои байналмиллалӣ ба таъмини сифати муҳити илмӣ-таълимӣ”, Султанов Дмитрий Викторович, мушовири самти қарорҳои илмӣ-тадқиқотии ширкати Elsevier дар Осиёи Марказӣ (маҷозӣ) дар мавзуи “Меъёрҳои интихоб дар Scopus ва рушди маҷаллаҳо бо назардошти принсипҳои илмӣ” маъруза намуданд.
Баъдан дар музокира тариқи маҷозӣ аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ, донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев тариқи маҷозӣ баромад намуда, фикру андешаҳои хешро вобаста ба мутобиқсозии маҷаллаҳои илмии бо стандартҳои байналмилалӣ Scopus и Web of Science баён намуданд.
Дар охир ба Абдулло Мамадамон, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи истифодабарии нақлиёти автомобилии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Шарофзода Фаррух, доктори илмҳои химия, ходими калони илмии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати чоп намудани мақолаҳои илмиашон дар пойгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нақши муҳим доштан дар самти баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

