Таҳти ҳамин унвон санаи 17- уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодӣ” дар бинои Маркази миллии патенту иттиллот семинари илмӣ-амалӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими низоми моликияти зеҳнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар семинар олимону муҳаққиқони ҷавон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, моликияти зеҳнӣ ва коршиносони соҳаи иқтисод иштирок намуданд. Директори муассисаи мазкур Зайниддинзода Саидмурод, бо сухани ифтитоҳӣ чорабинии номбурдаро оғоз ва оид ба аҳамияти рушди иқтисоди донишбунёд, тақвияти фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир маърӯза намуданд. Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди бозорҳо, истифодаи самараноки захираҳои зеҳнӣ ва натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ метавонанд, заминаи устувори пешрафти иқтисоди миллӣ гарданд.
Дар ҷараёни семинар маърӯзаҳо доир ба масъалаҳои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт, такмили низоми идоракунии захираҳои зеҳнӣ, рушди корхонаҳои инноватсионӣ, инчунин ҷалби сармоя ба бахши истеҳсолӣ пешниҳод гардиданд. Иштирокдорон ба зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои ихтироъкорон ва муҳаққиқон, содагардонии расмиёти бақайдгирии объектҳои моликияти зеҳнӣ ва тақвияти ҳифзи ҳуқуқии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Зимни музокираҳо масъалаҳои такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳифз ва истифодаи самараноки моликияти зеҳнӣ, дастгирии соҳибкории инноватсионӣ, таъсиси кластерҳои илмӣ-саноатӣ ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Қайд карда шуд, ки рушди низоми патентӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ яке аз омилҳои муҳими гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва таъмини рушди устувори кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дар анҷоми семинар пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ, таъсиси платформаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, татбиқи натиҷаҳои пажӯҳишҳо дар истеҳсолот ва таҳияи барномаҳои нави таҳқиқотӣ манзур гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар семинари мазкур Асадуллозода Шаҳриёр, мутахассиси пешбари бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштироки фаъолона дошт.

