Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти муҳаққиқону олимони муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ мерасонад, ки дар ҳошияи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи шоиста муаррифи намудани дастовардҳои илмии олимону муҳаққиқон дар арсаи байналмилалӣ ва ворид намудани маҷаллаи илмии байналмилалии «Фурӯғи илм» ба пойгоҳҳои бонуфузи илмсанҷии Web of Science (WoS) ва Scopus тасмим гирифтааст, ки қабул ва нашри мақолаҳои илмиро бо забонҳои хориҷӣ (англисӣ) бештар намояд.
Бинобар ин, зарур шуморида мешавад, ки талабот нисбат ба таҳия ва пешниҳоди мақолаҳои илмӣ аз ҷониби муҳаққиқону олимон дар шакли IMRAD ва сарчашмаҳои илмие, ки дар пойгоҳҳои бонуфузи илмсанҷии Web of Science (WoS) ва Scopus интишор гардидаанд, истифода карда шавад.
Мақолаҳое, ки бо забони англисӣ мувофиқи талаботи зерин манзур гардида, аз ҷониби ҳайати таҳририя мусбат арзёбӣ мегарданд, дар маҷалла бе навбат ва ройгон чоп карда мешаванд:
- Сохтори мақола тибқи IMRAD;
- Адабиёти истифодашуда нав ва на кам аз 25 номгуй (зиёда аз 50% ба маҷаллаҳои тақризии мисли Web of Science, Scopus, IEEE Xplore, ChemRxiv, MathSciNet, PubMed, ACM Digital Library, Agris, JSTOR ва ғайра);
- Худиқтибос то 20%.
Пойгоҳҳои бонуфузи байналмилалии илмӣ-иттилоотӣ
|
Платформа |
Самт |
Сомона |
|
Web of Science |
Байнисоҳавӣ |
|
|
Scopus |
Байнисоҳавӣ |
|
|
ScienceDirect |
Байнисоҳавӣ (муҳандисӣ, тиб) |
|
|
SpringerLink |
Байнисоҳавӣ (аз ҷумла физика, математика, химия) |
|
|
IEEE Xplore |
Электротехника, электроника, ТИ |
|
|
ВАК РФ |
Байнисоҳавӣ |
|
|
ChemRxiv |
Химия |
|
|
MathSciNet |
Математика |
|
|
PubMed |
Тибб, биология |
|
|
ACM Digital Library |
Технологияҳои иттилоотӣ |
|
|
Agris |
Хочагии кишлок, илмҳои аграрӣ |
|
|
AIAA Digital Library |
Техникаи аэрокайҳонӣ, ҳавопаймоӣ |
|
|
APS Journals |
Физика |
|
|
arXiv |
Физика, математика, информатика |
|
|
ASME Digital Collection |
Мошинсозй, механика |
|
|
Astrophysics Data System (ADS) |
Астрофизика, тадқиқи кайхон |
|
|
Forum Mathematicum |
Математика |
|
|
BioMed Central |
Биология, тиб (дастрасии кушода) |
|
|
Chemical Abstracts Service (CAS) |
Химия, индексатсияи нашрияҳои химиявӣ |
|
|
ClinicalKey |
Тибби клиникӣ |
|
|
Cochrane Library |
Баррасиҳои систематикӣ, озмоишҳои клиникӣ |
|
|
Dimensions |
Байнисоҳавӣ |
|
|
DOAJ |
Open Access (ҳама фанҳо) |
|
|
GeoRef |
Геология (геология, география) |
|
|
IDEAS |
Иқтисод, молия (қисми RePEc) |
|
|
IET Digital Library |
Электротехника, телекоммуникатсия, ИТ |
|
|
JSTOR |
Илмхои гуманитарй ва чамъиятй |
|
|
Ovid |
Тадқиқоти тиббӣ |
|
|
PLOS |
Биология, тиб, илмҳои ҷамъиятӣ (дастрасии кушода) |
|
|
Project MUSE |
Илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ |
|
|
PubMed Central (PMC) |
Нашрияҳои тиббӣ (дастрасии кушода) |
|
|
RePEc |
Иқтисодиёт, молия |
|
|
SPIE Digital Library |
Оптика, фотоника, технологияи визуалӣ |
|
|
SSRN |
Иқтисодиёт, молия, илмҳои иҷтимоӣ |
|
|
Wiley Online Library |
Байнисоҳавӣ (тиб, гуманитарӣ) |
|
|
zbMATH |
Математика |

