20-уми феврали соли ҷорӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Нахуст, раиси Комиссия, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Сайфиддин Давлатзода бо сухани муқаддимавӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими давлатӣ табрик гуфт. Таъкид намуд, ки таъсис ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ буда, имрӯз Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат вазифаи муқаддаси ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи ҷомеаро сарбаландона иҷро менамояд. Мавсуф, зимни суханронии худ аз сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо ташаббус ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии рушди неруҳои ҳарбӣ таҳким ёфта, иқтидори мудофиавии кишвар ба сатҳи сифатан баланд бардошта шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуллозода Парвиз Саъдулло бо маърӯза оид ба мавзуи шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” (аз 24 декабри соли 2022, №1920) баромад намуданд. Аз ҷумла, зикр карданд, ки қонуни мазкур заминаи муҳими ҳуқуқӣ барои ташаккули ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандон, бахусус ҷавонон дар назди давлат ва ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, полковник Абдураҳмонзода Раҷамад Ашур дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон – поягузори тактика ва стратегияи рушди неруҳои ҳарбии Тоҷикистон” андешаронӣ карда, нақши Пешвои миллатро дар таъсис, ислоҳот ва муосиргардонии Артиши миллӣ ба таври муфассал шарҳ доданд. Қайд карданд, ки таҳкими низоми тайёрии касбии афсарону сарбозон ва ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири идоракунии ҳарбӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати мудофиавии кишвар ба шумор меравад.
Ба чорабинӣ қироати шеър аз ҷониби курсанти Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Толибзода ҳусни дигар зам кард.
Инчунин, Меҳридин Мирзозода устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав бо сухани табрикотӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба Раиси Комиссия медали ҷашнии 30-солагии Донишкадаи ҳарбӣ ва ҳамчунин, ба якчанд курсантони донишкадаи зикршуда аз ҷониби бонувони Комиссия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Инчунин, бахшида ба аксияи “Тоҷикона мепушем”, ки тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 март то 31 майи соли равон баргузор мегардад, аз ҷониби роҳбарияти Комиссия ба бонувони муассиса либоси миллӣ – матои атлас тӯҳфа карда шуд. Ҳамчунин, барои саҳми босазо гузоштан дар омодагӣ ва баргузории семинари байналмилалӣ як қатор кормандони муассиса бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинӣ дар фазои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони истиқлол бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор ва ҷамъбаст гардид.

