Дар шароити муосир таҳкими саломатии аҳолӣ ва рушди фарҳанги ҷисмонӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ гардида, омили муҳими таъмини рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад. Машқи бадан ҳамчун унсури тарзи ҳаёти солим, воситаи муассири пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, баланд бардоштани қобилияти меҳнатӣ, таҳкими масунияти организм ва устувории равонӣ мебошад.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти оммавигардонии варзиш ва солимгардонии ҷомеа субҳи 21- уми февраи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқи пагоҳирӯзӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дастаҷамъона ва фаъолона иштирок намуданд.
Иштироки фаъолонаи кормандон дар чунин чорабинҳои варзишию солимгардонӣ далели равшани масъулиятшиносӣ, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати давлатӣ дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки баргузории мунтазами машқҳои пагоҳирӯзӣ на танҳо ба беҳбуди вазъи саломатӣ ва коҳиши хавфи бемориҳо мусоидат менамояд, балки фазои мусоиди равонӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва болоравии фарҳанги ташкилотиро низ таъмин менамояд.
Дар маҷмуъ, рушди варзиши оммавӣ ва ҷалби кормандон ба фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии давлат заминаи боэътимоди ташаккули ҷомеаи солим, фаъол ва созандаро фароҳам месозад. Зеро миллате, ки аз лиҳози ҷисмонӣ нерӯманд аст, дорои иродаи қавӣ, тафаккури солим ва рӯҳияи шикастнопазир буда, метавонад дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори миллӣ бо итминон қадам гузорад.

