Аз домони модар то қуллаҳои илм ва сиёсат
Модарон ва хоҳарони арҷманд,
Ҳозирини гиромӣ,
Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд. Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.
Модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Адибони давраи муосир модарро дар таркибҳои тозаи «сарчашмаи муъҷизаи пайғамбарон», «равшании беҳ аз анҷумани ахтарон», « сухани болотар аз ҳикмати донишварон», «маншаи сӯзи дили шоирон», «ростии доварии доварон», «илҳомбахши ҷодаи санъатгарон», «асосгузори муҳаббат», «офтоби лутф», «дарёи раҳмат», «паёмрасони саодат», «фариштаи фаррухрисолат», «боли саодат», «болини роҳат», «тӯмори дарди сар», «сарчашмаи шеъру ғазал», «ишқи Ватан», «ганҷи бебаҳо», «бахти босафо», «давои дарди дил», «тавфиқбахши кор», «раҳпою раҳнамо», «нури дидаҳо», «олучаи латтадор», «дарахти сада» ва мафҳумҳои «хуршедмазҳаб», «дарётариқат», «олампаноҳ» ва амсоли инҳо тараннум намуданд, ки ба рамзи олии модар дар адабиёти мо вижагиҳои дигар ворид намуд.
Тавъам омадани ҷашни модар ва фасли баҳор басо рамзӣ буда, аз бузургию шаҳомати олиҳаи зебоӣ сарчашмаи меҳру муҳаббат далолат мекунад. Дар ҳақиқат модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши руҳу ҷон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Дар шароити бағоят печидаву вазнин, ки он ба давраи оғози барқарорсозии иқтисодиёти мамлакат рост омад, Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми декабри соли 1993 аз байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занонро ба тасвиб расонд. Сарвари давлат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон чунин муроҷиат намуданд: «Метавонед боварии комил дошта бошед, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти афзалияти қонун ва эътирофи арзишҳои умумибашарӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад».
Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, бо ҳадафи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо, пешгирии ҳуқуқпоймолкунӣ аз рўи аломати ҷинсӣ, тақвияти мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1-уми марти соли 2005 қабул гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар радифи амалишавии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала қабул ва амалӣ гардида, имрўз соҳаеро наметавон ёфт, ки бонувон дар рушд ва пешрафти он саҳмгузор набошанд.
Инчунин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ супориш дода шуд, ки бо дарназардошти салоҳиятнокиву сифатҳои касбию кордонӣ то 1-уми марти соли 2000- ум ба вазифаи яке аз муовинони роҳбари вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва саридораю агентиҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, дигар муассисаҳои маориф, маданият ва нигаҳдории тандурустӣ занони фаъол таъин карда шаванд.
Хушбахтона, имрўз занон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 4 нафар зан ба сифати роҳбари аввали мақомоти марказӣ ва 3 нафар зан ҳамчун раиси шаҳру ноҳияҳо, 83 нафар зан муовини роҳбарони аввали мақомоти ҳокимияти давлатӣ фаъолият намуда истодаанд.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳим ба занону бонувон низ сархати алоҳида бахшида шуд.
Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд.
Дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ шуда истодаанд, ки аз манфиатҳои духтарону бонувон ҳимоя менамоянд ва барои амалӣ шудани ташаббусҳои шоистаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми хизмати давлатӣ аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоизро занон ташкил медиҳанд. 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Қобили зикр аст, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 нафар бонувон дар баробари мардон фаъолият менамоянд, ки 9 нафари онҳо дар шуъбаҳои аттестатсионӣ фаъолият доранд. Қобили зикр аст, ки имрӯз саҳми занон дар густариши корҳои илмӣ таҳқиқотӣ назаррас буда, 1039 диссертатсия аз ҷониби занон таҳия ва ҳимоя гардидаанд. Раисии 16 шурои диссертатсиониро занон бар уҳда доранд, ки беҳтарин ҳимояҳо бо воқеъбинӣ ва баҳогузории холисона дар ин шуроҳо баргузор мешаванд. Ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои тақризшавандаро 156 зан ташкил дода, аз инҳо ду нафар ҳамчун сармуҳаррир фаъолият мекунанд.
Тавре Пешвои миллат зикр намудааст: “Мо – мардон, ки зодаву парваридаи модар ҳастем, вазифадорем, ки эҳтироми Зан – Модарро нафақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳар лаҳзаву ҳар соат, ҳамеша ва тамоми умр ба ҷо оварем, ба онҳо ғамхориву меҳрубонӣ ва хизмат кунем ва кӯшиш намоем, ки ба ризоият ва дуои неки онҳо сазовор шавем. Мардуми мо беҳуда нагуфтаанд, ки «Модар розӣ – Худо розӣ». Модарону бонувони мо чароғи равшан ва гармии хонадон мебошанд. Сарриштаи зиндагиву рӯзгори ҳар як оила низ дар дасти онҳост, яъне ҳама чиз, пеш аз ҳама, файзу баракат ва эҳтирому обрӯи хонадон аз модарону занон вобаста мебошад”
Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда - Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо ва ба ҳамаи бонувону хоҳарон тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Ҷашни зебоӣ, сидқу сафо ва меҳру вафо муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

