5-уми марти соли 2026, дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Модар” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин таҳти унвони «Аз домони модар то қуллаҳои илм ва сиёсат» оғоз гардид. Мавсуф дар баромади худ нақши модарро ҳамчун сарчашмаи асосии тарбия, камолоти маънавӣ ва ташаккули шахсияти инсон арзёбӣ намуда, саҳми занону модаронро дар пешрафти илму маърифат ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ кард. Қайд карданд, ки тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, эҳтирому гиромидошти зан – модар яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллӣ ва рукни устувори ҷомеаи инсонӣ ба шумор меравад.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки зан – модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад. Модар ва мақому манзалати ӯ дар ҳаёти башарият аз ҷониби шоирону нависандагон, инчунин олимону донишмандони халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон бо эҳсоси баланд ва муҳаббати беандоза васфу ситоиш гардидааст.
Сипас сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии самти илмҳои гуманитарӣ, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси филология Ҷурахонзода Сӯҳроб Ҷурахон бо маърузаи «Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон» баромад намуда, ҷойгоҳи модарро дар ташаккули арзишҳои ахлоқию маънавӣ ва тарбияи насли солиму соҳибмаърифат беназир унвон дод.
Дар идомаи чорабинӣ шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб суханронӣ намуда, бо ибрози андешаҳои пурмуҳтаво ва қироати ашъори самимӣ ба васфи модар фазои ҳамоишро боз ҳам гарму самимӣ гардонид.
Бахши фарҳангии барнома бо иштироки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаррама Шарифзода, инчунин сарояндагони шинохта Ҷанатулло Абдуллоев ва Ифтихор Дамдоров баргузор гардида, бо иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи “Модар” ҳусни чорабиниро афзун намуд.
Дар доираи ҳамоиш, ҳамчунин ба раисони шуроҳои диссертатсионӣ, аъзоёни шуроҳои экспертӣ, бонувони фаъол ва кормандони муассиса ба нишони қадрдонӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар фароварди чорабинӣ, роҳбарияти Комиссия бори дигар бонувону модарони гиромиқадрро ба муносибати “Рӯзи Модар” самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав дар фаъолияти меҳнатӣ орзу намуданд.

