Previous Next

Баргузории семинари маҷозӣ бо намояндагони Web of Science Core Collection оид ба масъалаҳои воридшавии маҷаллаҳои илмӣ ба пойгоҳи байналмилалӣ

10-уми марти соли 2026 бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари маҷозӣ бо намояндагони пойгоҳи байналмилалии иттилоотии Web of Science Core Collection ва бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии вохурӣ баррасии масъалаҳои интишор ва воридсозии маҷаллаҳои тақризшавандаи илмии кишвар ба ин пойгоҳи бонуфузи байналмилалӣ маҳсуб меёфт.

Зикр гардид, ки ворид гардидани маҷаллаҳои илмии кишвар ба пойгоҳҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба баланд гардидани сифати таҳқиқоти илмӣ, тақвияти рақобатпазирии илм ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар кори семинар мудири бахши таҳлилии сарчашмаҳои пойгоҳи байналмилалии иттилоотии Web of Science Core Collection дар шаҳри Лондон Валентин Григорьевич Богоров, мутахассиси ин пойгоҳ Кенджина Инеш, менеҷери минтақавии ширкати Clarivate дар Осиёи Марказӣ Мукашева Лязиза Адиловно, инчунин мудирони бахшҳои Комиссия, аз ҷумла мудири бахши таъминоти лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмӣ ва сармутахассисони бахшҳои марбута иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни семинар намояндагони Web of Science Core Collection доир ба меъёрҳо ва талаботи асосии шомил намудани маҷаллаҳои илмӣ ба ин пойгоҳи байналмилалӣ, аз ҷумла риояи стандартҳои байналмилалии таҳрир ва нашр, шаффофияти раванди тақриз, сифати мақолаҳои илмӣ ва густариши иқтибосоварии онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ҳайатҳои таҳририя, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани сиёсати таҳририи маҷаллаҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо қадамҳои минбаъдаи ҳамкориро муайян намуда, таъкид карданд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар шомил намудани маҷаллаҳои илмии кишвар ба ин шохиси бонуфуз тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таҳрир ва тақриз, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии нашри илмӣ ва тақвияти фаъолияти маҷаллаҳои илмии миллӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми семинар иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифта, оид ба роҳҳои такмили фаъолияти маҷаллаҳои илмии кишвар ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи пойгоҳҳои байналмилалии иттилоотӣ табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки баргузории чунин семинарҳо барои рушди илми миллӣ, баланд бардоштани сатҳи нашри илмӣ ва таҳкими мавқеи маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон дар фазои байналмилалии илм аҳаммияти муҳим дорад.

 

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org